Ҳушдори Эрон ба сокинони шимоли Фаластини ишғолӣ (Исроил): Минтақаро тарк кунед!
Ахбори байналмилал
Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) ҳушдор дод: Бо тавваҷӯҳ ба нақзи мукаррари оташбас тавассути режими Исроил, дар сурати амалӣ шудани таҳдиди бомбборони Зоҳия ва Бейрут, ба сокинони бахшҳои шимолӣ ва шаҳракҳои низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) ҳушдор медиҳем, агар намехоҳанд осебе бибинанд, минтақаро тарк намоянд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) дар иттилоияе эълом кард: Натонёҳу дар идомаи шароратҳои худ дар минтақа, Зоҳия ва Бейрутро таҳдид ба бомбборон намуда ва барои сокинони он ҳушдори тахлия эълом кардааст.
Ин қароргоҳ ҳушдор дод: бо тавваҷӯҳ ба нақзи мукаррари оташбас тавассути режим, дар сурати амалӣ шудани ин таҳдид, ба сокинони бахшҳои шимолӣ ва шаҳракҳои низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор медиҳем, агар намехоҳанд осебе бибинанд минтақаро тарк намоянд.
Қаламонлайн













