Ҷавонмардӣ ва мурувват
Мактаби инсоният
Ҷавоне савори дучарха бошитоб рикоб мезаду мерафт. Ногаҳон ба пиразане бархурду ӯро аз по афтонд.
Ҷавон ба ҷои он ки ба пиразан кумак кунад, бо хандаву тамасхур ба роҳаш идома дод.
Пиразан ҷавонро садо заду гуфт: Писарам, чизе аз ту ин ҷо афтодааст.
Ҷавон саросема баргашту ба ҷустуҷӯ пардохт ва пурсид: Чӣ афтодааст?
Пиразан посух дод: Ҷавонмардиву мурувват ва инсониятат, ки онҳоро ҳаргиз нахоҳӣ ёфт!
***
Зиндагӣ агар холӣ аз адабу эҳтирому ахлоқ бошад, арзише надорад.
Амиралмӯъминин Алӣ(р) мефармоянд:
“Ҷавонмардӣ – дур будани инсон аз пастию фурумоягист”.
Дар ривояти дигар, аз Имом Алӣ(р) нақл шудааст: “Ниҳояти мардонагӣ он аст, ки инсон аз худаш шарм кунад”.
Инчунин мефармоянд: “Ҷавонмард касест, ки бадиро бо некӣ посух медиҳад”.
Дар ривояти дигаре нақл шудааст: “Се чиз аз муруввату ҷавонмардист:
Базлу бахшиш дар айни тангдастӣ, таҳаммулу бурдборӣ бидуни зиллату хорӣ, худдорӣ аз суол ва талаб”.
Инчунин нақл шудааст: “Ҷавонмард касест, ки вақте қудрат ёбад, бибахшад ва чун тавонманд шуд, ато кунад ва чун чизе аз ӯ хоста шуд, ниёзеро бароварда кунад”.
Қаламонлайн