Ҷаҳони ислом ва ислоҳгарони исломӣ

Ҷаҳони ислом ва ислоҳгарони исломӣ

Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?

Оё боре шудааст, дар бораи ин матлаб биандешем, ки агар имрӯз Сайид Ҷамол ё Иқбол ё Шариатӣ ё касе мисли Аҳмади Дониши худамон ва ё ҳар эҳёгар ва ислоҳгари исломии дигар, ки мешиносем, дар миёни мо мебуд, муҳимтарин дағдағаи фикрии ӯро чӣ чиз ташкил медод?

Мавзӯъро каме бозтар бикунам. Ислоҳгарони исломӣ, ки мешиносем, ҳар як дар замони худ дағдағаҳое бар сар доштанд. Ин дағдағаҳо дар воқеъ ношӣ аз мушкилот ва муъзалоте буданд, ки дар замони онҳо гиребонгири уммати исломӣ будааст ва онҳо дар пайи ҳалли ҳамон мушкилот буданд. Масалан, умдаи дағдағаҳои фикрии Сайид Ҷамол ин буд, ки коре бикунад, то уммати исломӣ аз нав он маҷд ва он азаматеро, ки дошт ва бо фурӯпошии давлати Усмонӣ (охирин хилофати исломӣ) аз дасташ рафта буд, ба даст биёварад. Аз ҳамин рӯ, Сайид Ҷамол дар ибтидои кор тамоми саъяшро бар ин равона кард, ки бо дидорҳо ва аз тариқи мукотибот бо сарони кишварҳои исломӣ, мехост онҳоро бедор ва ҳушёр бисозад. Ва албатта дар охирҳои кораш кӯшиш кард, бештар бо тӯдаи мардум кор бикунад ва ба ҷои саъй барои бедор кардани сарони кишварҳо, мардумро бедор кунад.

Ҳоло, чаро дағдағаи фикрии Сайид Ҷамолро ҳамин чиз ташкил дода буд? Посух ин ки бузургтарин муъзал ва мушкили уммати исломӣ дар замони вай, хорӣ ва зиллати уммат ва таҳти истеъмор қарор доштани кишварҳои исломӣ буд. Сайид Ҷамол дар пайи решаёбии асбоби ин вазъияти асафбори уммат ва кишварҳои исломӣ ва ёфтани роҳи ҳалл барои хуруҷ аз ин вазъ буд. Агар шумо ба осор ва навиштаҳои соири ислоҳгарони исломӣ мисли Иқбол ё Шариатӣ ё ҳар каси дигар низ муроҷиа бикунед, мебинед, ҳар як аз онҳо даргири ҳаллу фасли масоил ва мушкилоте будааст, ки дар замони худаш уммати исломӣ гирифтори онҳо буд.

Ҳол, суол ин аст, ки имрӯз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом ва мусалмонон чӣ чиз аст, ки агар бар фарз як нафар ислоҳгар дар ҳадди Сайид Ҷамол ва ё Иқбол дар байнамон пайдо бишавад, тамоми ҳамму ғаммаш ва дағдағааш ҳаллу фасли ин мушкил бошад.

Фикр накунам касе дар ин воқеияти талх тардид дошта бошад, ки имрӯз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом дудастагиҳо ва чанддастагиҳоест, ки миёни фарзандони уммати воҳидаи исломӣ эҷод шудааст. Дудастагиҳое, ки онҳоро дар ду қутби комилан мухолиф қарор додааст ва душмани якдигар гардидаанд ва дар мавориде, доранд якдигарро мекушанд. Ин дудастагӣ, на танҳо миёни кишварҳо эҷод шуда, балки миёни худи мардуми мусалмон низ дида мешавад. Дудастагиҳое аз қабили шиа ва суннӣ, ҳизбӣ ва ғайриҳизбӣ, сӯфӣ ва салафӣ, ифротӣ ва мӯътадил ва ғайра…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Асри тиллоии ҷаҳони ислом
Хушбахтӣ ва бадбахтии уммат аз уламост

Матолиби пурбоздид