Ҷиҳати иттилоъ

Таҳлили хабарӣ

Ҷиҳати иттилоъ

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Таҳаввулоти ҷорӣ дар Фаластин ва Лубнон дар як соли ахир, дар ҳоли зеру рӯ кардани сӯгириҳо ва мавзеъгириҳост. То замони ин ҳаводис, назарам нисбат ба кишвари Русия бисёр манфӣ буд бахусус бо таваҷҷӯҳ бо бӯҳрони Укройн, аммо дар як соли ахир ва баъд аз фоҷеаи Фаластин ва Лубнон, назарам дигар мешавад, дасти худи инсон ҳам нест.

Оё медонед, аз байни тамоми кишварҳои дунё то ба ҳол, ба ғайр аз Эрон, Ироқ, Яман, Сурия ва Туркия, ин танҳо Русия ва андаке ҳам Венесуэла аст, ки ба мардуми ду кишвари Фаластин ва Лубнон кӯмаки молӣ ва иқтисодӣ мекунанд? Оё инро медонистед? Бахусус Русия кӯмакҳои зиёде мекунад. Ҳоло шумо ҳар чи гӯед, ки ин кӯмак масалан барои аҳдофе дигар буда, ҳоло ҳар чӣ ҳаст, муҳим ин ки дар ин шароити бисёр сахт ва душвор, ҳамин давлати Русия аст, ки ба доди он ситамдида ва мазлуми фаластинӣ ва лубнонӣ мерасад. Ва аҷибаш ин ки ҳеч кишвари мусалмон ҳатто Саудӣ ва кишварҳои халиҷнишин то ба ҳол ҳеч кӯмаке ба фаластиниҳо ва лубнониҳо накардаанд. Ва аҷибтараш он ки на танҳо давлатҳояшон, ҳатто мардумаш кӯмак намекунанд. Дар ҳоле, ки кишварҳои халиҷнишин дар моҷарои Сурия, дунёро зеру рӯ карда буданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳои исроилӣ тасовире аз исобати мушакҳои эронӣ ба пойгоҳи ҳавоии Исроилро мунташир карданд
Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хати кириллӣ

Матолиби пурбоздид