Ҷолинуси Муслимин – Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Таърих

Ҷолинуси Муслимин – Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, машҳур ба “Ҷолинус-ул-муслимин”  дар аввалҳои моҳи шаъбони соли 251-уми ҳиҷрӣ баробар ба соли 865-уми мелодӣ дар шаҳри Рай (Эрон) ба дунё омадааст.

Ибтидо дар зодгоҳаш улуми замонааш — адабиёт, фалсафа, риёзиёт, химия ва нуҷумро омӯхт.

Дар 30-солагӣ ба Бағдод сафар карда дар бемористони Муқтадир  афтод ва дар ин ҷо ба илми тиб дилбастагӣ пайдо кард. Илми тибро фаро гирифта чирадаст шуд, сипас ба ватанаш шаҳри Рай баргашта, ба хидмати ҳокими шаҳр – Мансур ибни Исҳоқ пардохт ва сарпарасти бемористони Рай таъин шуд.

Баъдтар ба Бағдод омада раёсати бемористони Муқтадирро бар ӯҳда гирифт. Дар он давра шӯҳраташ ба андозае расид, ки собиқа надошт.

Сонитар ба саёҳати Миср, Испания ва мамлакатхои дигар мебарояд.

Ӯ дар Хуросон, дар Осиёи Миёна дар пойтахти давлати сомониён, Бухоро чанде иқомат кардааст.

Дар баҳсҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш бо масоили ҷадиди илмӣ ошноӣ падо намуда ва худ дар он саҳм гузоштааст.

Дар бисёре аз шаҳрҳо шогирдонеро тарбия намудааст. Вай табиби хосси ҳокимони мухталифе буд, ки  аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.

Дар мавриди Розӣ, Абӯалӣ Сино дар “Донишнома”-аш ва Абӯрайҳон Берунӣ дар “Рисолат лил Берунӣ фи феҳристи кутуб Муҳаммад Закариё Ар-Розӣ” шарҳи рӯзгор ва номгӯи осори мутафаккирро зикр намудаанд.

Закариёи Розӣ пизишки ботаҷрибаву донишманде буд, ки дар замони худ шӯҳрати босазое  дошт. Баъзе аз ақидаҳои тиббиаш дар тиббиёти имрӯза низ кор бурда мешаванд, махсусан дар дармони беморон бо мойеъот ва ғизо. Ибни Сино низ барои китоби “Ал Қонун”-аш аз китоби “Алҳовӣ”-и Розӣ хеле истифода кардааст. Бархе аз муаррихон Розиро бештар чун ҷарроҳ мешиносанд. Аз мутолиаи осори ӯ чунин бармеояд, ки дар ҷарроҳӣ соҳибназар аст. Вай дар бораи “санги гурда ва масона” китобе навишта , дар он таъкид кардааст, ки дар сурате, ки дармони санги масона бо роҳҳои тиббӣ ҳосил нашуд, бояд ба амали ҷарроҳӣ пардохт.

Дар китобаш Розӣ аз асбобе, ки бо он амали ҷарроҳии санги масонаро анҷом медод, ном мебарад. Кашфиётҳояш дар самти дорусозӣ низ нодиранд. Масалан, алкул (спирт), ҳидруклирик, орсиник, ситрик (ҷавҳари лиму), сулонин (соланин) ва ғайра аз дастовардҳои илмии ин донишманд мебошад.

Баъди саёхатҳои дуру дароз соли 905 ба зодгохаш шаҳри Рай баргашта, то охири умр дар хамон ҷо зиндагӣ кард. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон, ӯ дар охири умраш тамоман нобино шуд. Вакте ба вай тавсия карданд, ки чашмонашро ҷарроҳӣ  намоянд, ӯ аз ин пешниҳод даст кашид. Соли 925  дар худи зодгоҳаш шаҳри Рай аз олам даргузашт.

Закариёи Розӣ аввалин табибест, ки тибро ба таҷриба ва амал пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани пайгирии таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза ҳам маъмул аст, ба анҷом расонид. Таърихи бемории  ҳамаи беморонашро то дармон ёфтан,  омӯхта дар ин бора китобе навишт, ки «Китоб-ул-ҳови» ном дорад. Аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пахтаро барои бастан ва зеҳро барои духтани ҷароҳат ба кор бурд.

Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтҳои атрофи онро ҳарчӣ  бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Бо вучуди дониши беҳадду канораш ба тамоми воситаҳои муолиҷа, тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо  ва парҳез дармон кунад, пас ба саодат расидааст».

Аз Розӣ китобҳову мақолаҳои бисёр, зиёда аз 60 асари илмӣ боқӣ мондааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тибб-ал-мансурӣ», мебошад, ки аз даҳ ҷилд иборат аст.

Асарҳояш дар асри 12  ба забони лотинӣ  тарҷима шуда, дар арзи чандин аср барои табибони Ғарб дастуроти аввалиндараҷа буданд. Роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани бисёр бемориҳоро низ пешниҳод кардааст. Вақте ки Розӣ роҳҳои табобати бемориҳои нағзак ва сурхакро пайдо карду муайян намуд, ки ҳаргиз ба ин беморӣ касе ду бор дучор намешавад, дар ин бора, китобе навишт. Ин китоб бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, юнонӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 40 маротиба нашр шудааст.

(Таҳияи рӯзноманигор, Cоима Саидӣ)

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо
Баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид