Ҷуғрофиёи чашмат

Адаб
Ҷуғрофиёи чашмат
Адибаи Хуҷандӣ
Медонам илми зебо, ҷуғрофиёи чашмат.
Зебост бебаҳоӣ дар мӯҳтавои чашмат.
Эй асли меҳрубонӣ мадҳуши илтифотат,
Хушбахти ҳар ду дунё дар моварои чашмат.
Аз сарҳади баҳорон то сарҳади зимистон,
Ман меравам барои ишқу вафои чашмат.
Ширин шавад илоҳо ҳар ҳарфи меҳрубонат,
Ҳарфи булӯри пазмон аз мижаҳои чашмат.
Ҳарфе нагуфтӣ аз ишқ мағрури камгапи ман,
Ишқ аст ҳар нигоҳи зумраднамои чашмат.
Аз меҳрубониҳоят бар ҳеҷ кас нагуфтам,
То ҳосиде надонад ҳастам барои чашмат.
Ҳастам азони чашмат, ҳастӣ барои ҷонам,
Хоҳам ҳамеша бошад хуршедҳои чашмат.
Эъҷози бенамуна, зеботарини Эзид,
Оҳ аз қиёмати ишқ, аз моҷарои чашмат.
Хушбахти ҳар ду олам ишқи ту кард моро,
Як умр дар вафоят, ҷонам баҳои чашмат.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сад барги ҳақиқат
Маънои инсон будан

Матолиби пурбоздид