Washington Post: Тромп дар назарсанҷӣ аз Бойден пештар аст

Таҳлили хабарӣ

Washington Post: Тромп дар назарсанҷӣ аз Бойден пештар аст

Ахбори байналмилал

Агарчӣ дар соли 2024 интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико баргузор хоҳад шуд, аммо рақобатҳои пинҳон барои тасоҳуби қудрат дар ин кишвар оғоз шудааст.

Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, дар назарсанҷии ҷадиде бо 4 имтиёз, аз Ҷо Бойден пешӣ гирифтааст ва маҳбубияти Бойден ба пойинтарин ҳадди худ расидааст.

Дар миёни рақибони ҷумҳурихоҳон, Тромп бо фосилаи зиёде, гузинаи мавриди алоқа барои гирифтани номзадии ҳизбаш аст.

Ба гузориши Washington Post, тибқи назарсанҷии Post-ABC, мизони таъйиди Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури кунунии Амрико, аз 42 дарсад дар феврал ба 36 дарсад коҳиш ёфтааст.

Натиҷаи ин назарсанҷиҳо ҳокӣ аз он аст, ки 94 дарсади ҷумҳурихоҳон, 69 дарсади раъйдиҳандагони мустақил ва 21 дарсади демукротҳо Бойденро фоқиди тандурустии лозим барои риёсати ҷумҳурӣ медонанд.

Ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ дар посух ба ин суол, ки дар соли 2024 ба чӣ касе раъй хоҳанд дод, 44 дарсад гуфтанд, ки ба Тромп раъй хоҳанд дод, дар ҳоле, ки 38 дарсад гуфтанд, ки аз Бойден ҳимоят хоҳанд кард, 18 дарсад ҳам билотаклиф ҳастанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, 54 дарсад аз раъйдиҳандагони бузургсоли омрикоӣ фикр мекунанд, ки Тромп дар мудирияти иқтисоди Амрико беҳтар аз Бойден амал кардааст, дар ҳоле, ки 36 дарсад фикр мекунанд, Бойден дар даврони риёсати ҷумҳурии худ то кунун амалкарди беҳтаре доштааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико ва Исроил дар Осиёи Марказӣ ба дунболи чӣ ҳастанд?
Ҳушдори Зеленский: “Русия ҳам мисли Олмони нозӣ шикаст хоҳад хӯрд!”

Матолиби пурбоздид