Foxnews: “Русия аз Эрон чигунагии давр задани таҳримҳоро ёд мегирад”

Foxnews: “Русия аз Эрон чигунагии давр задани таҳримҳоро ёд мегирад”
Ахбори байналмилал
Шабакаи Foxnews, расонаи омрикоии наздик ба сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳ, дар таҳлиле навишта, ки Русия бо дарсҳое, ки аз Эрон омӯхта, таҳримҳои ғарбро давр мезанад.
Ин шабакаи хабарӣ навиштааст:
Ин ҳафта давлати Омрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия вазъ кард ва бархе аз ниҳодҳои мустақар дар соири кишварҳоро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод, то битавонад дастрасии Маскав ба манобеъи молӣ ва бархе маҳсулоти хоссро маҳдуд кунад.
Ширкатҳое, ки дар феҳристи таҳримҳои Омрико қарор гирифтанд, дар кишварҳои Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Сербистон воқеъ ҳастанд, ки Вошингтун онҳоро ба расондани кӯмак ба ҷанги Русия дар Укройн муттаҳам кардааст.
Дэниел Фройд, сафири собиқи Омрико дар Лаҳистон (Полша) мегӯяд: “Онҳо дар ҳоли ташкил додани шабакаи дигаре аз эътилофҳо дар дунё ҳастанд. Ғайр аз Чин, бақияи дӯстони Русия кишварҳое ҳастанд, ки аз сӯйи дунё тард шудаанд. Эрон ба таври қатъ ба Русия кӯмак мекунад. Ин як эътилофи маслиҳатӣ аст.”
Foxnews зимни баёни ин иддао, ки Эрон бо ироаи паҳпод ба Русия, ба ин кишвар кӯмак карда, тасреҳ мекунад: “Ин ду кишвар ҳамчунин дар талошанд фишорҳои иқтисодии ношӣ аз таҳримҳоро коҳиш диҳанд ва ба тозагӣ низомҳои бонкиашонро ба ҳам муттасил кардаанд.”
Як лоббии зидди эронӣ мавсум ба “Бунёди дифоъ аз демукросӣ” (FDD) ҳам ба Foxnews гуфт: “Мушоҳида мекунед, ки русҳо доранд аз бархе аз токтикҳое, ки эрониҳо дар он маҳорат пайдо кардаанд истифода мекунанд, илова бар он, доранд иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиашон бо Теҳронро тақвият мекунад. Эрон маҳорати болое дар заминаи давр задани таҳримҳо дорад, ки дар ҳоли ҳозир ба Русия кӯмак кардааст.”
Ба навиштаи Foxnews, бузургтарин манбаъи даромади Эрон содироти нафт аст. Foxnews навишта, ки Эрон аз замони эҳёи муҷаддади таҳримҳои иқтисодӣ ба “қочоқи ғайриқонунии нафт” рӯй оварда ва тавониста алорағми фишорҳо, мизони тавлиди нафташро то сатҳи бесобиқае афзоиш диҳад.
Ин расона тасреҳ карда, “низоми бонкии пинҳони Эрон” мӯҷиб шуда ниҳодҳои эронӣ битавонанд равобити тиҷориашон бо муштариҳои хориҷиро пинҳон кунанд.
Гуфтанист, давлати Омрико баъд аз хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом), тамоми таҳримҳои мутаваққифшуда зайли ин тавофуқро алайҳи Эрон ба иҷро даровардааст. Омрико кишварҳо ва ширкатҳои солисро низ мулзам ба иҷрои таҳримҳои худ алайҳи Эрон кардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни таъкид бар ғайриқонунӣ будани таҳримҳои Омрико, эълом карда, ки аз тамоми имконоти худ барои муқобила бо ин тадобири золимона ва ғайриинсонӣ истифода хоҳад кард.
Мойк Ловер (Mike Lawler), намояндаи Кунграи Омрико, ба Foxnews гуфт: “Эрон камокон дорад таҳримҳои Омрико ва муттаҳидони моро хор мешумурад, зимни он ки ҳамчунон дар талош барои тазъифи Исроил ва нобудии он аст.”
Вай изофа кард: “Лозим аст бо муттаҳидонамон барои пасзадани иқдомоти Эрон аъамм аз тавзеъи нафт ё тазъифи таҳримҳои эъмолшуда бисёр муттаҳид бошем.”
Бахши хабарии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ нуктаи ангезишӣ аз Бройон Трейси
Боздиди гардишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Матолиби пурбоздид