Ҷанг аз Ғазза ба каронаи Бохтарӣ дар қалби сарзаминҳои ишғолӣ кашида шудааст
Юриши артиши “Исроил” ба Ҷинин бо 100 худрави низомӣ
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Shafaqna, дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба шаҳри Ҷинин дар каронаи Бохтарӣ, дастикам 5 тан аз фаластиниҳо ба шаҳодат расиданд ва шуморе дигар захмӣ шуданд.
Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои исроилӣ бомдоди имрӯз (душанбе, 30 октябр) бо беш аз 100 худрави низомӣ аз чанд меҳвар ба ҳамроҳи чанд булдозер ба шаҳри Ҷинин ҳамла карданд ва атрофи бемористони Ибни Синоро муҳосара карданд ва ҳамзамон паҳподҳои исроилӣ низ бар фарози ин шаҳр ба парвоз даромаданд.
Нерӯҳои исроилӣ тактирандозҳои худро бар пушти бомҳои атрофи бемористони Ибни Сино мустақар ва ғайринизомиёнро ба гулӯла бастанд.
Бар асоси ин гузориш, дар натиҷаи даргирии нерӯҳои артиши Исроил ва гурдонҳои “Аринул-асад” вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Ҷанин, шуморе аз сарбозони исроилӣ низ захмӣ ва чанд худрави зиреҳии он нобуд карда шуд. Нерӯҳои исроилӣ маҷбур ба тарки Ҷинин шуданд.
Қаламонлайн