15 март – Рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ

15 март – Рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ
Ахбори ҷаҳони ислом
Созмони Милали Муттаҳид як сол пеш бо судури қатъномае, 15 мартро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ” таъйин ва номгузорӣ карда буд, ки ин тасмим нуқтаи атфе дар мубориза бо исломҳаросӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.
Кишварҳое чун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Туркия, Арабистон, Ӯрдун ва Андунезӣ аз бониёни ин қатънома буданд ва дар таҳияи пешнавис ва тасвиби он талоши зиёде карданд.
Қатъномаи ёдшуда ҳар гуна изҳороти танаффуромез ва хашин алайҳи мусалмонро маҳкум мекунад ва хостори тақвияти талошҳои байналмилалӣ барои иртиқои мудоро, таҳаммул ва сулҳ шудааст.
Ин қатънома аз Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мехоҳад, ки ба таври муассир дар мавриди муқобила бо исломҳаросӣ огоҳибахшӣ кунанд ва ин рӯзро гиромӣ бидоранд.
Ба гузориши Irna, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар таърихи 15 марти 2022 дар нишасти вежаи Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳаросӣ” гуфт: “Ҷамъияте наздик ба 2 миллиард мусалмони ҷаҳон нишондиҳандаи башарият бо ҳамаи танаввӯъи бошукӯҳи он аст. Аммо онҳо ағлаб танҳо ба хотири имонашон, бо таъассуб ва табъиз рӯбарӯ мешаванд. Ин нафрат алайҳи мусалмонон ашколи мухталифе дорад. Табъизи сохторӣ ва ниҳодӣ алайҳи мусалмонон вуҷуд дорад. Ин табъиз худро дар заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсатҳои муҳоҷиратии табъизомез ва назорат ва парвандасозии бедалел нишон медиҳад.”
Вай тасреҳ кард: “Ин табъиз худро дар иттиҳоми густурда ба ҷомеаҳои мусалмон ва намоишҳои расонаии муғризона ва шармовар ва лаффозиҳо ва сиёсатҳои зиддиисломии бархе аз раҳбарони сиёсӣ нишон медиҳад.”
Гутерриш идома дод: “Табъиз ҳамаи моро заиф мекунад. Бар ҳамаи мо воҷиб аст, ки дар баробари табъиз биистем. Мо ҳаргиз набояд дар муқобили таъассуб беэътино бошем.”
Вай таъкид кард: “Мо бояд танаввӯъро на ба унвони як таҳдид, балки ба унвони фурсат бишносем. Мо бояд бо таъассуб дар ҳар куҷо ва ҳар замон, ки чеҳраи зишти худро нишон медиҳад, муқобила кунем.”
(Манбаъ: facebook – сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди кор ва корофаринӣ сӯҳбат намуданд
Сафари расмии Башшор Асад ба Русия

Матолиби пурбоздид