Гуноҳу маъсият – маҳрумият аз ризқ

Муҳоҷират

Гуноҳу маъсият – маҳрумият аз ризқ

Расули Акрам(с) ба Абузар(р) фармуданд:

“Чӣ басо, афрод бо гуноҳ ва маъсияте, ки анҷом медиҳанд, боиси маҳрумият аз ризқи худ мешаванд”.
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки олам олами иртибот аст.

Яъне амали мо мӯҷиби асароте дар олам мешавад.

Пас мудаббире ҳаст, ки иртибототро барқарор мекунад, ки ҳар феъле анҷом медиҳем, асари онро дар ихтиёри мо мегузорад; касе, ки гуноҳ кунад, аз рӯзӣ маҳрум мешавад.

Дар баъзе ривоёт низ омадааст, ки баъзе аз аъмол, боиси афзоиши рӯзӣ мешавад.

Аз ҷумлаи ин аъмол намози шаб аст.

Агар Худованд ба касе тавфиқ дод ва намози шаб хонд, агар гуфт, ки аз лиҳози рӯзӣ дар ранҷу сахтӣ ҳастам, бовар накунед, чун рӯзияш аз ҷониби Худованд мерасад!

Ҳамон тавре ки шаб дар рӯзӣ муассир аст, маъсият ва гуноҳ ҳам мӯҷиби қатъи рӯзӣ мешавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парторби мушак аз Сурия ба Исроил
Мардуми Индонезия аз Фаластин ҳимоят карданд

Матолиби пурбоздид