Табодули оташ миёни артишҳои Миср ва артиши Исроил дар марзи Рафаҳ
Ахбори байналмилал
Alalam
Манобеи расонаии саҳюнистӣ аз табодули оташ миёни нерӯҳои артиши Миср ва артиши Исроил дар марзи Рафаҳ хабар доданд.
Ба гузориши Алъолам, коноли 13 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод:
Як ҳодисаи истисноӣ миёни артишҳои Миср ва Исроил дар марзи гузаргоҳи Рафаҳ рух дод.
Бар пояи гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, сарбозони артиши Миср ба самти нерӯҳои режими саҳюнистӣ дар минтақаи гузаргоҳи Рафаҳ тирандозӣ карданд ва дар муқобил низомиёни режими ишғолгар низ ба нишонаи ҳушдор, ба самти онҳо оташ кушоданд.
Шабакаи 13 режими саҳюнистӣ дар ин бора гузориш дод: Ин ҳодиса баёнгари авҷи таниш миёни Миср ва Исроил аст ва метавонад паёмадҳои сиёсии бисёр муҳиммеро ба ҳамроҳ дошта бошад.
Ҳамзамон бо ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза, нигарониҳои Миср нисбат ба шаклгирии як мавҷи кӯчи иҷборӣ ба дохили хоки ин кишвар ташдид шудааст.
Миср борҳо ба режими саҳюнистӣ нисбат ба паёмадҳо ва хатароти ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ ҳушдор додааст.
Артиши режими саҳюнистӣ бо ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ, гузаргоҳи заминии аслӣ дар борикаи Ғазза, ки кӯмакҳо аз тариқи он вориди ин борика мешуд баст; иқдоме, ки хатари ташдиди фоҷеаи инсониро бавежа ба далели камбуди маводди ғизоӣ ва сӯхт ба ҳамроҳ дорад.
Ҳамчунин расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ду сарбози мисрӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои ишғолгари саҳюнист дар гузаргоҳи Рафаҳ ба шаҳодат расиданд.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: