20 сомон барои модарам
Достонҳои омӯзанда
Дар ҳавлӣ андаке кор буд, худам вақт наёфта, тасмим гирифтам, ки мардикор биёрам. Ба ҷое, ки онҳо ҷамъ мешуданд, рафта мошинро нигоҳ доштам, якбора 20-30 нафарашон гирди мошинро гирифтанд.
— Дар як рӯз 80 сомон мегирам, чӣ коре бошад, мекунам, — гуфт як ҷавон.
Дар чашмони ӯ як навъ ғам дида мешуд, ки маро танҳо барои бурдани ҳамин ҷавон водор сохт.
Одамизод аҷиб аст, аслан дар дил 100 сомони ҳисоб карда омада будам, вале боз ҳам савдо кардам:
— 60 сомон медиҳам, вассалом.
Ӯ лаҳзае хомӯш монду ба мошин нишаст. Ба хона омада, либосҳояшро иваз карду ба кор шурӯъ намуд.
Пас аз ним соат, вақте дар зарфе чойи хунук бурда, назди либосҳояш мегузоштам, чашмам ба як дафтарча афтод. Ҳусни хати зебояш диққати маро кашид. Дар он чунин навишта шуда буд:
“20.03.26. Агар корам барор гирад: 20 сомон ба модарам, 20 сомон ба хоҳарам, 20 сомон барои рӯзгори хона, 20 сомон барои майда-чуйда..”
Вале намедонам чаро, рӯйи навиштаи “20 сомон барои рӯзгори хона” хат кашида шуда буд.
Яъне, ӯ то ба ин ҷо омадан пули аз ман мегирифтаашро ҳисобу китоб кардааст. Чун дид, ки ба 60 сомон розӣ нашавад, бекор мемонад, ба гуфтаи ман гардан ниҳодааст. Сипас, он қисми пулеро, ки бояд барои рӯзгори хона сарф мекард, хат задааст.
Одамоне ҳастанд, ки пули зиёд меёбанд, вале на ин ки хоҳару апа, ҳатто модари зори худро хабар намегиранд. Баъзеҳо, ки қарзи бародарӣ ва фарзандиро фаромӯш кардаанд, дар маъракаву кӯчаҳо ба касе гап намедиҳанд, вале агар суроғ кунӣ, ҳатто чандто бародар доштанашонро ҳам аз ёд баровардаанд.
Дар ин бора андеша карда, ба он ҷавони мардикор, ки бо меҳнати ҳалолаш пули ночиз ёбад ҳам, оқибату меҳрро фаромӯш накардааст, қоил шудам.
Вале магар бо қоил шудан шикам сер мешавад?
Пас аз анҷоми кор, ба додарам (мардикор)гуфтам: -Хеле хуб кор кардед, ҳавлиро мисли гул кардед, раҳмат,— ва ба ӯ ду баробар зиёд пул додам. Ӯ аввал қабул накард.
Танҳо вақте гуфтам:
-Акнун ҳамеша шуморо мебарам, дастонатон гул будааст, розӣ шуд ва гӯё он ғами чеҳрааш дур шуд. Ва дар ҳаққам дуо кард.
Пас аз дуои чунин инсонҳои қалбашон поку ҳалол ва соддадил, одам бо як ҷаҳон фараҳ зиндагӣ мекунад…
Манбаъ: Фейсбук, аз сафҳаи шахсии Гулчеҳра Ҳомидова
Қаламонлайн













