Алҷазоир аз Фаронса хасороти даврони истеъморро хостааст

Алҷазоир аз Фаронса хасороти даврони истеъмориро хостааст

Байналмилал

Алҷазоир истеъмори кишварро аз ҷониби Фаронса ҷиноят дониста ва дархсоти ҷуброни хасорот кард

Парлумони Алҷазоир рӯзи 24-уми декабр бо қабули як қонун истеъмори кишвараш аз сӯи Фаронсаро ҷиноят дониста, хостори узрхоҳӣ ва ҷуброни хасорот аз Порис шудааст. Ин қонун, ҳамчунин, тавсиф аз истеъморро ҷиноят мешуморад.

Фаронса то кунун дар ин маврид расман вокунише нишон надодааст.

Алҷазоир аз соли 1830 то 1962 зери фармонфармоии Фаронса қарор дошт, ки ин давра бо кушторҳои дастаҷамъӣ ва ихроҷҳои густарда ҳамроҳ буд. Дар ниҳоят, истеъмори Алҷазоир аз ҷониби Фаронса бо ҷанги хунини истиқлолхоҳӣ анҷом ёфт. Алҷазоир мегӯяд, дар ин ҷанг 1,5 миллион нафар кушта шудаанд, дар ҳоле муаррихони фаронсавӣ ин рақамро хеле камтар арзёбӣ мекунанд.

Ба навиштаи расонаҳо, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса қаблан эътироф карда буд, ки мустамлика кардани Алҷазоир “ҷиноят алайҳи башарият” аст, аммо аз узрхоҳии расмӣ худдорӣ кардааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти мардуми Сурия алайҳи Ҷулонӣ
Раҳбарии ҷадиди Ҳамос бо кӣ хоҳад буд?

Матолиби пурбоздид