Тасвир ва хаёл

Адаб

Тасвир ва хаёл

Адабиёт

Гуфт: агарчи покам аз зикри шумо,

Нест лоиқ мар маро тасвирҳо.

Лек ҳаргиз масти тасвиру хаёл,

Дарнаёбад зоти моро бемисол.

(Мавлоно)

Мавлоно Балхӣ дар оғози муқаддимаи худ бар Маснавӣ мегӯяд:

هذا کِتابُ المثنوي وَهُوَ أُصولُ أُصولِ أُصولِ الدّینِ فی کَشْفِ أَسرارِ الوصولِ والیَقینِ وَهُوَ فِقهُ اللهِ الأَکْبَرُ وَشَرْعُ اللهِ الأَزْهَرُ وَبُرهانُ اللهِ الأَظْهَرُ

“Ин аст китоби Маснавӣ, ки усули усули усули дин дар кашфи асрори шуҳуд ва яқин ба шумор меояд. Ин китоб ҳовии бузургтарин фиқҳи илоҳӣ ва дурахшонтарин шариати илоҳӣ ва равшантарин бурҳони илоҳӣ аст…”

Асли дин яъне решаи дин. Ислом масалан, решааш тавҳид аст ва нубувват аст ва маод аст. Шохаҳо ва баргҳои дарахт, ба решаи он устувор аст. Шохаҳо бидуни реша ҳечанд. Намоз масалан, ки яке аз шохаҳои дарахти ислом аст, агар ту намоз бихонӣ, вале тавҳидгаро набошӣ, намозат ҳеч аст, суде бароят намебахшад, фақат шиштану по шудан ва хаста кардани худ аст.

Мавлоно мегӯяд – ва беҷиҳат ҳам намегӯяд, иддаои холӣ нест, рост мегӯяд – Маснавӣ, на танҳо решаи дин, балки решаи решаи решаи дин аст.

Гуфтем, Мавлоно Маснавиро на танҳо решаи дин, балки “решаи решаи решаи дин” муаррифӣ мекунад. Масалан, агар решаи намоз тавҳид аст, тавҳид ба навбати худ бар решае устувор аст, ки бидуни он ҳеч аст. Ва худи он реша яъне решаи тавҳид, боз ба навбати худ решае дорад, ки “решаи решаи” тавҳид аст. Мавлоно мегӯяд, Маснавӣ ҳамин реша аст яъне “решаи решаи” тавҳид.

Хуб, ин хеле ҳарф аст! Ҳарфи соддае нест. Аммо иддаои холӣ ҳам нест, балки рост аст. Агар ҳамон ду байте аз Маснавиро, ки дар қисмати пешин овардам, хуб бифаҳмем, мову шумо беихтиёр хоҳем гуфт, бале, Маснавӣ “усули усули усули дин” будааст!

Аммо маъно ва мазмуни ин ду байт:

Барои фаҳми дурусти он ду байт, аввал муқаддимае арз кунам. Дар ислом, ҳамон тавре ки бар ҳамди Худо таъкид шудааст, бар тасбеҳи Худо низ таъкид шуда. Ҳамд яъне саногӯӣ, ки дар воқеъ сифат кардан аст. Агар гуфтем, Худо огоҳ аст, Худо қодир аст, Худо мавҷуд аст, Худо зинда аст ва ғайра, дар воқеъ ӯро ҳамд кардаем, сифат кардаем.

Тасбеҳ аммо пок донистан аст, муназзаҳ донистан аст. Субҳоналлоҳ, ки мегӯем яъне Худоро тасбеҳ кардаем, зоти ӯро аз сифат кардани сифаткунандагон поку муназзаҳ донистаем, ӯро болотар аз ин сифатҳо донистаем.

سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ. إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ

“Муназзаҳ аст Худованд аз тавсифе, ки онҳо мекунанд, магар бандагони мухласи Худо.” (Сураи Соффот, оятҳои 159 ва 160)

Далелаш ин аст, ки махлуқ қодир нест ҷамолу камоли Худоро – ҳамон тавр ки ҳаст – дарк кунад:

وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا

“Халқро ҳаргиз ба ӯ иҳота ва огоҳӣ нест.” (Сураи Тоҳо, ояти 110) Чаро ки мо маҳдудем ва Худо номаҳдуд. Ба унвони мисол, вақте Худоро ба сифати вуҷуд тавсиф кардем ва гуфтем, Худо мавҷуд аст, бале мо ӯро ба чизе тавсиф кардаем, ки маънои онро медонем. Маънои вуҷуд ва ҳастӣ дар зеҳни ҳамаи мову шумо ҳаст, на ин ки Худоро ба чизе тавсиф карда бошем, ки нафаҳмем, на, маънои вуҷуд ва ҳастиро комилан мефаҳмем. Ва балки равшантарин ва бадеҳитарин маъност. Вале он чи мо аз вуҷуд ва ҳастӣ мефаҳмем ва дар зеҳни мо ҷой гирифта, як сифати маҳдуд аст, на номаҳдуд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ин суол дар зеҳни мо пайдо мешавад, ки агар Худо вуҷуд дорад ва ҳаст, пас чӣ касеро ӯро ба вуҷуд оварда?

Ин суол, ки “чӣ касе ӯро ба вуҷуд оварда?”, ба ин хотир пайдо мешавад, ки он чи аз “вуҷуд” ва “ҳастӣ”, ки дар зеҳни мост, “вуҷуд ва ҳастии маҳдуд” аст, на номаҳдуд. Вагарна, дар мавриди зоти номаҳдуд ин суол маъно надорад, бемаънӣ аст. Худо азалан ва абадан ҳаст, вуҷуди ӯ азалӣ ва абадӣ аст ва ба ҳадду марзе маҳдуд намешавад, то ин суол пайдо бишавад, ки “ӯро чӣ касе ба вуҷуд оварда?” Яъне чӣ касе ба ӯ вуҷуд ва ҳастӣ бахшида? Чаро ки мо қодир ба тасаввури номаҳдуд нестем.

وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا

“Халқро ҳаргиз ба ӯ иҳота ва огоҳӣ нест.” (Сураи Тоҳо, ояти 110) яъне ҳамин.

Ба ҳамин хотир аст, ки лозим аст дар канори ҳамди Худо ӯро тасбеҳ кунем. Яъне Худоро, ки ҳамд мекунем ва тавсиф мекунем ва масалан мегӯем, Худо вуҷуд дорад, Худо олим аст, Худо қодир аст, Худо зинда аст ва ғайра, билофосила мегӯем, ин вуҷуд, ин илм, ин қудрат, ин ҳаёт ва ғайра аз сифоти камол, ки Худоро ба онҳо тавсиф мекунам, лоиқи зоти ӯст, на он чунон ки мо тавсиф мекунем, Худо поку муназзаҳ аст аз ин тавсиф.

سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ. إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ

“Муназзаҳ аст Худованд аз тавсифе, ки онҳо мекунанд, магар бандагони мухласи Худо.” (Сураи Соффот, оятҳои 159 ва 160)

وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ

“Мавҷуде нест дар олам, ҷуз онки ба тасбеҳ ва ситоиши Ӯ машғул аст.” (Сураи Исро, ояти 44)

Чӣ қадр зебо ин маъноро ҳазрати Паёмбар (с) мегӯянд:

لا أُحْصـي ثَنـاءً عَلَـيْك، أَنْـتَ كَمـا أَثْنَـيْتَ عَلـى نَفْسـِك

“(Худоё!) Натавонам саноят он чунон хонд, ки Ту худ бар хеш сано хондаӣ!”

Мавлоно дар байти аввалӣ, ки дар оғози ин ёддошт овардам, ҳамин маъноро мегӯяд:

Гуфт: агарчи покам аз зикри шумо,

Нест лоиқ мар маро тасвирҳо.

Яъне Худо мефармояд, ман аз зикри шумо поку муназзаҳам ва тасвирҳое, ки шумо дар зеҳни худ аз сифоти ман доред, лоиқи мақоми ман нест, ман волотар ва болотар аз ин тавсифҳо ва тасвирҳое, ки дар зеҳни шумо нақш бастааст ҳастам.

Ду байти баъдиро дар ёддоштҳои оянда иншоаллоҳ тавзеҳ хоҳам дод.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти малик ва порсо
Амрико ва кишварҳои ғарбӣ омодаи ирсоли таслиҳоти низомӣ ба Украина ҳастанд

Матолиби пурбоздид