Аҷиб, вале воқеӣ
Достонҳои ибратомӯз
Мегӯянд, дар 100 сол пеш, дар бозори Теҳрон ҳодисаи аҷибе рух дод ва он ин буд, ки яке аз дӯкондорон ба номи Ҳоҷӣ Шаъбоналӣ азми сафар намуда ва дӯконро ба ду писараш супурда ва равона мешавад.
Баъд аз чанд моҳ, ки аз сафар бармегардад, мебинад, ки писаронаш аз мобайни дӯкон девор кашидаанд ва ҳар яке, нимеро аз худ карда ва ба касбу кор машғуланд.
Чун Шаъбоналӣ хост дохили дӯкон шавад, писарон роҳ надоданд ва ба ӯ гуфтанд:
Дигар ҳавсала надоштем, то мурдани ту сабр кунем, саҳмамонро пешопеш бардоштем.
Аз қазои рӯзгор, ба соле нарасид, ки дар балвое яке аз писарон дар майдони шаҳр тир хӯрд ва дигарӣ чанде баъд, ба бемории вабо гирифтор шуд ва аз дунё рафт ва дубора дӯкон ба дасти Ҳоҷӣ афтод. Ҳоҷӣ девори миёниро бардошт ва касби худро аз сар гирифт…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн