Масъулини тоҷик: Қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон афзиш ёфтааст

Масъулини тоҷик: Қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон афзиш ёфтааст

Ахбори минтақа

Додситони кулли Тоҷикистон чанде пеш дар конфронси “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои мубориза бо терроризм” гуфт, ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Ҳамчунин ахиран, раиси Идораи мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегуяд, пас аз ба қудрат расидани Толибон қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон афзиш ёфтааст.

Ҳабибулло Ваҳидзода дар ин бора, гуфтааст: Дар соли 2021 ҳудуди 4 тоннаву 83 килограм ва дар соли 2022 ҳудуди 4 тоннаву 165 килограм маводди мухаддир кашфу забт гардидааст.

Ин мақоми Тоҷикистон афзуд бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳаҷми қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, теъдоди қочоқчиёни маводди мухаддир, ки дар ду соли гузашта боздошт шуданд, низ афзоишро низ нишон медиҳад.

Бар асоси изҳороти вай дар соли 2021 ҳашт шаҳрванди Афғонистон ба ҷумри қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон дастгир шуданд ва дар соли 2022 нуздаҳ нафар.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд бузургтарин маҳмулаи маводи мухаддири қочоқшуда ба Тоҷикистон аз Афғонистон аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, бо таваҷҷуҳ ба афзиши қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон, кишварҳои минтақаӣ низ бояд ҳамкории худро дар ин маврид бо Тоҷикистон бештар густариш диҳанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаъолияти мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст
Ҳамос: Муқовимат идома дорад

Матолиби пурбоздид