Кӯлоб ба унвони пойтахти фарҳангии Созмони исломии омӯзиш пешниҳод гардид
Ахбори минтақа
Шаҳри Кӯлоб – пойтахти фарҳангии Созмонии исломии омӯзиш ва илму фарҳанг – ICESCO
Шаҳри Кӯлоб ба унвони пойтахти фарҳангии Созмони ҷаҳонии омӯзишу парвариш ва илму фарҳанг дар соли 2024 пешниҳод шуд.
Ин матлаб дар таърихи 14 феврал дар нишасти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии омӯзишу парвариш ва илму фарҳанг дар Душанбе ироа шуд.
Ин пешниҳод дар нишасти ояндаи Созмони ҷаҳонии омӯзишу парвариш ва илму фарҳанг дар моҳи май то июни соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Созмони ҷаҳонии омӯзишу парвариш ва илму фарҳанг, таҳти ҳимояти Созмони ҳамкории исломӣ амал мекунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн