Ибни Арабӣ: Қуръон – рӯшноии комил

Қуръон – рӯшноии комил

Назари Ибни Арабӣ дар мавриди улум ва дониш

Шайхи Акбар – яъне Ибни Арабӣ, бар ин бовар аст, ки ҳамаи улуме, ки дар китобҳои осмонии гузашта омадааст, якҷо дар Қуръон ёфт мешавад ва дар Қуръон донишҳое вуҷуд дорад, ки дар китобҳои дигар ва дар воқеъ дар ҳеч китобе мавҷуд нест.

Ва агар дониши ҳақиқии мундараҷ дар Қуръон ба касе бирасад, ӯ аз нур ва рӯшноии комиле бархӯрдор хоҳад буд.

Ӯ менависад:

فبالقرآن يكشف جميع ما في الكتب المنزلة من العلوم وفيه ما ليس فيها، فمن أوتي القرآن فقد أوتي الضياء الكامل الذي يتضمّن كل علم

“Ба воситаи Қуръон он чӣ аз улум ва донишҳо, ки дар китобҳои нозилшудаи пешин ҳаст, кашф ва маълум мешавад ва дар худи Қуръон чизҳое ҳаст, ки дар ҳеч кадом аз китобҳои нозилшудаи гузаштагон нест. Ба ростӣ, ҳар касро, ки фаҳм ва дониши Қуръон бидиҳанд, ӯро рӯшноии комил додаанд; рӯшноие, ки дарбардорандаи ҳамаи дониш аст.”

(Футуҳоти Маккӣ, ҷ.2, саҳ.107)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қории тоҷик, довари мусобиқоти байналмилалӣ
Малколм Иксро кӣ террор кард?

Матолиби пурбоздид