Кумакҳои Саудӣ ба Бадахшон

Кумакҳои Саудӣ ба Бадахшон

Ахбори минтақа

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сокинони аз тарма осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар аз Арабистони Саудӣ кӯмак дарёфт кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ҳафтаи гузашта дар пайи фаромадани тарма дар Бадахшон 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Зарари дар натиҷаи тарма ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳпаймоии мардуми Яман дар эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин
Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба мактабҳои Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид