Тоҷикистон ва Узбекистон, густариши ҳамкориҳои дуҷониба
Ахбори минтақа
Бар асоси гузоришоти расида ба дафтари хабаргузории Қаламонлайн, сафири Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷаи Узбекистон чигунагии афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатиро баррасӣ карданд.
Бахромҷон Аълоев, муовини вазири умури хориҷаи Узбекистон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар дар дидоре дар шаҳри Тошканд пешҳодоти афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатиро баррасӣ карданд.
Намояндагони ду кишвар дар ин дидор дар мавриди раванди иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар сатҳи олӣ, табодули назар карданд. Ҳамчунин тамҳидоти дидорҳои барномарези шуда дар қолабҳои дуҷониба ва чандҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, пешниҳодот барои афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатӣ низ баррасӣ шуд.
Лозим ба ёдоварист, мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соли 2022 ҳудуди 503 миллион долларро ташкил додааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн