Ҳикояти Имом Абӯҳанифа ва марди мулҳид

Ҳикояти Имом Абӯҳанифа ва марди мулҳид

Мабоҳиси иҷтимоӣ: Озодии баён, хилофати исломӣ

Баҳси мо перомуни озодии баён дар садри ислом хоҳад буд ва ин ки дар он замон одамҳо оё ба хотири афкору андешаашон эъдом мешуданд?

Мутаассифона имрӯз вақте сухан аз ислом бишавад, билофосила баҳси иртидодро пеш мекашанд ва ин ки дар ислом одам ба хотири андеша эъдом мешавад. Ин як мусибат аст, ки арзёбии афрод дар бораи ислом, ки чӣ дине аст, ё бо нигоҳ ба авзоъу аҳволи мусалмонон аст ва ё бо нигоҳ ба вазъи ҷомеаҳои ба ном мусалмон ва ҳуккоми онҳо (чӣ дар имрӯз ва чӣ дар гузашта). Дар ҳоле, ки на ҳолу вазъи мусалмонон нишондиҳандаи ислом аст – ва балки баръакс, мусалмонони имрӯз он чи дар онҳо дида намешавад, иттифоқан ислом аст – ва на вазъи ҳуккоми онҳо гӯёи ислом.

Шумо дар имрӯз вақте ҳоли мусалмонон ва ҳатто ҳоли “уламои” онҳо ва фатвоҳои эшонро мебинед ва бо вазъи ҷомеаҳои исломӣ дар садри ислом ошно мешавед, мебинед, аз замин то ба осмон фарқ дорад. Дар заминаи озодии баён, ҷомеаҳои исломӣ (на ҳуккоми он) тавре буда, ки шумо назире барои он дар имрӯз, ки озодии баён лақлақаи забони одамҳо шуда пайдо намекунед. Ҳатто дар ҳамин Урупо мисли онро намебинед.

Дар ин қисмат аз ёддошт ва ёддошти баъдӣ, бо такя бар манобеъи дасти аввал, чанд намуна бароятон меоварам, ки худатон бибинед ва сипас ба аҳволи мусалмонон дар имрӯз нигоҳ ва доварӣ кунед. Моҷароҳое, ки нақл мекунам, ховаршиносони маъруфи ғайримусалмон мисли Гюстав Лебон (Gustave Le Bon) низ ба он тасреҳ кардаанд.

Суннатуллоҳ Бикбулод, донишманди барҷаста ва фақиди тотор (дар охирҳои имперотурии Русия пеш аз инқилоби болшевик) китобе дорад дар 3 ҷилд ба номи “Мабдаъ-ул-қироа” дар омӯзиши забони арабӣ, ки китобе бисёр арзишманд аст ва бештари муллоҳои тоҷик ва ӯзбак дар замони Шӯравӣ забони арабиро аз ҳамин китоб омӯхтаанд. Ин донишманд дар ҷилди 3-уми китобаш ҳикоятеро дар бораи Имом Ҳанифа ва мунозараи имом бо як даҳрӣ (мулҳид, атеист) нақл мекунад, ки бисёр омӯзанда аст ва фазоеро, ки дар замони ӯ (даврони хилофати Ҳорун ар-Рашид) бар ҷомеаҳои исломӣ ҳоким буда нишон медиҳад. Асли ин ҳикоятро Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ дар шарҳи худ бар Таҳовӣ оварда (с.85, Ашшомила) ва Суютӣ низ нақл кардаанд.

Моҷаро аз ин қарор аст, ки: дар замони ҳукумати Ҳорун ар-рашид, ки хилофати исломӣ кишваре буд паҳновар ва чаҳоряки кураи заминро дарбар дошт, бо ин ки ҳукком дар он даврон идеол набуданд, вале афроди ҷомеа дар сояи таълимоти Қуръон ва суннати ҳазрати Паёмбар (с) ба ҳадде барои инсоният арзиш қоил буданд, ки шумо назире барои он ҳатто дар ҳамин имрӯз пайдо намекунед.

Яке аз ҷилваҳои эҳтиром ва арҷ ниҳодан ба инсон, ин эҳтиром ба андеша ва афкори ӯст, ҳар андеша ва фикре, ҳарчанд андешае мухолифи фикр ва гароиши шумо. Дар он замон ва дар сояи ҳукумати исломӣ, бозори мулҳидон ва ба истилоҳ зиндиқҳо – ки имрӯза аз онҳо ба атеистҳо таъбир мешавад – бисёр гарм буд; онҳо дар ибрози афкори худ аз озодии комил бархӯрдор буданд. Рӯзе яке аз донишмандонашон омад пеши Ҳорун ва гуфт, ҳеч кас тавони баҳсу мунозара бо манро надорад, агар касе ҳаст бихон, то барои шумо собит кунам, ки на Худое ҳаст, на паёмбарӣ ҳақиқат дорад, на рӯзи қиёмате мавҷуд аст, инҳо ҳама хобу хиёланд.

Ҳорун гуфт, пас чанд соат мунтазир бимон, то аз яке аз уламои исломӣ, ки дар ҳамин шаҳр (яъне Бағдод) сокин аст даъват кунам ва ту бо ӯ ба баҳсу гуфтугӯ биншин, то бибинем ҳарфи чӣ касе саҳеҳ аст. Зиндиқ гуфт, боке нест, бихон.

Ҳорун ба назди Нӯъмон ибни Собит (Имом Абӯҳанифа) одам фиристод, ки халифа туро мехонад. Фиристода хидмати Абӯҳанифа расид ва моҷароро нақл кард. Имом Абӯҳанифа бо каме таъхир ҳузури халифа расид. Дид, он зиндиқ дар садри маҷлис нишаста ва мунтазири Абӯҳанифа аст. Зиндиқ хитоб ба Имом Абӯҳанифа гуфт: чаро ҷаноби шумо дер кардед, мо соатҳо мунтазири шумо будем? Накунад тарсидед, ки бо мо баҳсу гуфтугӯ кунед ва он гоҳ обрӯи шумо ва мусалмонон бирезад?

Имом Абӯҳанифа, ки қасдан дер карда буд (чун нақшае бар сар дошт), гуфт: агар сабаби ин ки чаро дер шуд бароятон бигӯям, боваратон мешавад? Зиндиқ гуфт: бифармоед! Имом гуфт: ман он сӯи дарёи Диҷла сокинам, ҳамин ки омадам соҳил, то ба қоиқе савор бишавам, дидам чанд чӯбе, ки онҷо дар замин хобида буданд, ба ҳаракат даромаданд ва бе он ки харрот ва ё наҷҷоре даркор бошад, худ аз худ тарошида ва ранда шуданд ва дар чанд лаҳза ба як қоиқи бисёр зебое табдил шуданд. Ман ҳам сипас ба он савор шудам ва худамро ба инҷо расондам. Сабаби дер карданам ҳамин буд.

Зиндиқ ба маҳзи шунидани ин сухан аз Имом Абӯҳанифа, рӯ ба Ҳорун ва ҳуззор кард ва гуфт: ин аст он олиме, ки гуфтед бо ман тавони баҳсу гуфтугӯро дорад? Ин аст он донишманде, ки ба ӯ меболед ва ифтихор мекунед? Ин чӣ ёва ва ҳарфи газоф аст, ки ҳатто кӯдак агар бишнавад, механдад, ҳоло ман бо ин одам ба баҳсу гуфтугӯ нишинам?!

Имом Абӯҳанифа гуфт: агар ин ҳарфи ман ба ҳадде сахиф ва бепоя аст, ки ҳатто мояи хандаи кӯдакон мешудааст, дар ин сурат оё ҳарфи ту ва андешаи ту, ки ин олам ба ин вусъат бе ҳеч созандае ба вуҷуд омадааст ва Худое нест ва ҳама чиз дар ин олам худ аз худ эҷод шудааст, мояи ханда ва масхара нест?!

Зиндиқ вақте ин суханро аз Имом Абӯҳанифа шунид, дигар каломе ба забон наёвард ва бо сари хам аз маҷлис берун рафт.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истифодаи Украина аз силоҳҳои эронӣ дар ҷанг бо Русия
Эътимод кардан бар тамаллуқ ва вафои хирс

Матолиби пурбоздид