Тарҳи оштии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар СПАД

Тарҳи оштии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар СПАД

Ахбори минтақа

Ширкаткунандагони иҷлоси сарони СПАД пешниҳодҳоеро барои танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон матраҳ намуданд.

Валерий Ревенко дастёри вазири дифоъ дар умури ҳамкориҳои низомии байналмилалии Белорус аз тадвини пешниҳодҳои бо ҳадафи танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути мақомоти қисмҳои ҳамкории низомии байналмилалии неруҳои мусаллаҳи СПАД хабар дод.

Ба гуфтаи вай дар нишаст мақомоти СПАД вазъияти низомӣ-сиёсӣ дар маҳдудаи ин созмонро баррасӣ намуда ва руйдодҳои марбут ба ҳамкории низомии байналмилалӣ дар чорчуби раёсати Белорус мушахас гардид ва пешниҳодҳое дар мавриди танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон низ тадвин шудааст.

Нишасти ҳамкории сарони низомии СПАД ба мизбонии Минск баргузор шуд.

Лозим ба ёдоварист, даргирии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафари дигар маҷруҳ ва тақрибан 500 хона ва таъсисоти умумӣ вайрон шуданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазфи раводиди Русия бо чанд кишвар
Майк Блумберг: Исроил ба самти фоҷеа дар ҳаракат аст

Матолиби пурбоздид