Наврӯз – ҷашни навсозӣ ва паймони башар

Наврӯз – ҷашни навсозӣ ва паймони башар

Рустам Ваҳҳоб

Дар миёни чаҳор ҷашни бузурги тақвими миллии таърихии тоҷикон ва ҳама ақвоми ориёӣ, яъне Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки дар даврони истиқлоли сиёсии Тоҷикистон дубора дар сатҳи давлатӣ ва ҳамзамон дар матни фарҳанги миллию мардумӣ эҳё гардидаанд ва дар ҳоли такомули рӯзафзун қарор доранд, Наврӯз ҷойгоҳи хоссу вижа дорад.

Ин ҷашнҳо ҳамагӣ хуршедмеҳвар ва бар мабнои таҳаввули табиии Замин ва Кайҳон бино ниҳода шуда, дар асл ҳалқаҳои баҳампайвасти як занҷираи заррини замонӣ, кайҳонӣ, заминӣ ва маънавӣ мебошанд.

Ҷашни Сада, ки бино ба иттилои аксари пажӯҳишгарон панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз (дар ҷамъ сад) қабл аз Наврӯз меояд ва аз таҳаввули навини неру ва фурӯғи тозаи Хуршед паём медиҳад, дар баробари он ки мабдаи таърихи кашфи оташ ва ба ин васила оғози марҳилаи нави тамаддун – даст ёфтан ба филизот ва вораҳидан аз тангнои асри санг (қарни ҳаҷар) аст, бо ин ҳама азамат чун муқаддима, пайк ва талоядори Наврӯз шинохта ва васф шудааст. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи худ бо хабари омади Сада мефармояд:

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор

Кардаст ройи тохтану қасди корзор.

В-инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш

Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.

Оре, ҳар он гаҳе ки сипоҳе шавад ба разм,

З-аввал ба чанд рӯз бибояд талоядор.

Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ буд,

Ин кӯҳу кӯҳпояву ин ҷӯйу ҷӯйбор…

Наврӯз аз ин ватан сафаре кард чун малик,

Оре, сафар кунанд мулукони номдор…

Наврӯзмоҳ гуфт: ба ҷону сари амир

К-аз ҷони дай барорам то чанд гаҳ димор…

Наврӯз пеш аз он ки саропарда зад бадар,

Бо луъбатони боғу арусони марғзор,

Ин ҷашни фаррухи Садаро чун талоягон

Аз пеши хештан бифиристод комгор…

Ҷашни Тиргон, ки мабдаи он аз номи фариштаи Тир – муваккил бар ситорагон аст ва рӯзи сездаҳуми ҳар яке аз моҳҳои шамсӣ мебошад, ба сездаҳи моҳи Тир (22 июн то 22 июл) рост меояд, яъне 4-5 июл, ба муносибати пайванди ин рӯз бо ду эзади об – Тир ва Ноҳид (Аноҳито) махсуси ҷашни об ва бузургдошту такрими ин неъмати зиндагибахш дониста шудааст. Тибқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ба эҳтироми ин рӯз мардум сарутан мешустанд ва бунёди ин ҷашнро ба Кайхусрав нисбат медоданд. Ин ҷашн бо номҳои обон, обонгон ва обрезгон низ маъруф будааст. Ҳамчунин, сабаби номгузории ин рӯзро ба тир андохтани Ораш барои таъйини марзҳои Ориёнзамин ва рӯзи бузургдошти мақоми нависандаву дабир ва баробар кардани мақоми онҳо ба деҳбадону деҳқонон аз тарафи шоҳи каёнӣ Таҳмурас – ёдгиранда ва омӯзонандаи хат ва дабирӣ донистаанд. Ин ҷашн низ, хусусан бо ҳурмат ва бузургдошти унсури об, покиза кардани маҷрои обҳо, расми шустушӯйи идона ва ҳадяи қаламу сухан дар ин рӯз бо Наврӯз моҳиятан пайванд меёбад. Суханварони бузург дар ҳошияи бузургдошти Наврӯз аз Тир ва Тиргон ёд кардаанд:

Рӯзаш бо фаррухӣ ҳама Наврӯз боду ид,

Моҳаш ба хуррамӣ ҳама Найсону Тир бод.

Анварӣ

Ҷашни Меҳргон баъд аз Наврӯз муҳимтарин ҷашни мардуми ориёист, ки аз рӯзи 16-ум (меҳррӯз) то 21-уми меҳрмоҳ (8 октябр) тақрибан нуқтаи муқобили Наврӯз ва баробар бо эътидоли тирамоҳӣ ба муддати 5 рӯз бо маросими хоссе баргузор мешудааст. Рӯзи 16-ум ба Меҳргони кучак ва рӯзи 21-ум (ромрӯз) ба Меҳргони бузург маъруф будааст.

Умумиятҳои Меҳргон бо Наврӯз, хосса дар баргузории маросими таҷлил, аз ҷумла гулханафрӯзӣ бо истифода аз маводи хушбӯй, расми эҳдо ва ҳамин мақтаи замонӣ, яъне эътидоли шабу рӯз мебошад. Аммо дар ҳамин ҷост, ки боз бартарӣ ба Наврӯз дода мешавад, чун баъди эътидоли наврӯзӣ баръакси эътидоли меҳргонӣ гардиши замон ба афзунии тобиши нуру рӯшноӣ, дароз шудани рӯзҳо ва нерумандтар шудани Хуршед мусоидат мекунад. Бо эътино ба ҳамин нукта Носири Хусрав мефармояд:

Наврӯз беҳ аз Меҳргон, агарчи

Ҳарду замонанд эътидолӣ.

Шоҳоне ҳам, ки ин ду ҷашни бузургтарин ба номи онҳо нисбат дода мешавад, яъне Ҷамшед ва Фаридун дар азамат ва аҳаммият хос мебошанд.

Гузашта аз ин, ҷойгоҳи хосу вижаи Наврӯз дар миёни дигар ҷашнҳои миллӣ, ки ҳар яке, албатта, арзиши волои худро доро мебошад, дар умқу жарфои фалсафаи бостонии марбут ба пайдоиши он нуҳуфтааст, ки зимни шарҳу басти моҳияти ин ҷашни бузург наметавон аз он сарфи назар кард.

Мувофиқи иттилооте, ки дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” оварда шудааст, силсилаи офариниш дар боварҳои қадими ориёӣ дар “Гоҳанбор” ба сурати муназзам ва давра ба давра зикр гардида, ки аз бисёр ҷиҳат мазмуни он бо мазмуни китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.

Марҳалаҳои офариниши олами ҳастӣ дар “Гоҳанбор” ба шаш давра бахш мешавад, ки дар поёни ҳар яке аз ин шаш давра панҷ рӯзи осоишу ҷашн дар назар гирифта шуда ва ин шаш давра ҳамроҳ бо рӯзҳои ҷашну ид як соли комилро ташкил медиҳад.

Дар гоҳи аввал аз гоҳанбор дар рӯзи чиҳилумини соли офариниш осмон офарида шуда панҷ рӯз баъди он ид аст ва охири ин давра ба понздаҳуми моҳи урдибиҳишт рост меояд.

Дар гоҳи дувум об офарида мешавад ва ин марҳала ё гоҳ бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он яксаду панҷумин рӯз (понздаҳи тир) аст.

Дар гоҳи савум замин, гоҳи чаҳорум гиёҳон, гоҳи панҷум ҷонварон ва ниҳоят дар шашумин гоҳ, ки бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он сесаду шасту панҷумин рӯз (охири исфандмоҳ) мешавад, инсон ба олами ҳастӣ меояд.

Баъд аз он рӯзи нахусти фарвардинмоҳ меояд, ки нахустин рӯзи он ҷашни Наврӯз аст ва ин ҷашн, ки ҳамчунин чанд рӯз идома меёбад, ҷашни поён ва хулосаи офариниш ва дар ниҳоят ҷашни таҷлили азамат ва каромати ба қавли ҳаким Хайём “мақсуд зи ҷумла офариниш” – яъне Инсон мебошад.

Бидуни баҳсу баррасӣ рӯйи ҷузъиёти ин навъ ривоятҳои бостониву достонӣ, моҳияти онҳо дорои аҳаммият аст ва дар ин ҳол моҳият ин аст, ки ҷаҳони ҳастӣ барои Инсон офарида шуда ва инсон мақсуд ва ниҳояти силсилаи офариниш мебошад. Ҳамон гуна, ки ҳаким Фирдавсӣ бо нозишу болиши вижа дар арсаи ҷаҳони ҳастӣ ҳузур пайдо кардани инсонро меситояд:

Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид,

Шуд ин бандҳоро саросар калид.

Сараш рост бар шуд чу сарви баланд,

Ба гуфтори хубу хирад корбанд,

Пазирандаи ҳушу рою хирад,

Мар ӯро даду дом фармон барад…

Туро аз ду гетӣ баровардаанд,

Ба чандин миёнҷӣ бипарвардаанд.

Нахустини фитрат, пасини шумор

Туӣ, хештанро ба бозӣ мадор!

Нигаҳ кун, саранҷоми худро бубин,

Чу коре биёбӣ, беҳӣ баргузин!

Ба ранҷ-андар орӣ танатро, равост,

Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

Ин маъниро шоири ҳакиму орифи ҳамзабонамон Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ғазали баланди худ “Мелоди Одам” чунин хулоса мекунад:

Наъра зад ишқ, ки хунинҷигаре пайдо шуд,

Ҳусн ларзид, ки соҳибназаре пайдо шуд.

Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур

Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд.

Хабаре рафт зи гардун ба шабистони азал:

“Ҳазар, эй пардагиён, пардадаре пайдо шуд!”

Орзу бехабар аз хеш ба оғӯши ҳаёт,

Чашм во карду ҷаҳони дигаре пайдо шуд.

Зиндагӣ гуфт, ки дар хок тапидам ҳама умр,

То аз ин гунбади дерина даре пайдо шуд.

Моҳиятан нигоҳи ҳарду шоири ҳаким якест; вуҷуди инсон, ки саросари бандҳои кайҳонро калид гардид, ҳушу рою хираду донишу меҳру ишқро ба кор гирифт, фармонравои табиат шуд ва худ даре гардид дар ин гунбади сарбастаи гардун. Бо ҳузури Инсон ҳастӣ мафҳуму маъно, мақсуду ҳадаф пайдо кард. Таъкиду талқини ошкору музмари ҳарду ҳам якест: Инсон бо ин неъмати бузурги хирад ва ганҷи маънавияте, ки бар ӯ эҳдо шуда, дар асл масъулият ва замонати ҳифзу беҳдошт ва беҳбуди олами ҳастиро бар уҳдаи худ гирифт, ин зоти дар ҳисоб ва шумори навбати офариниш охирин, вале дар фитрат (сиришт) нахустин ва волотар аз ҳама офаридаҳои дигар ҳақ надорад “хештанро ба бозӣ бигирад”, моҳият ва рисолати азими худро дар ҳифзи ҷаҳон ба воситаи хираду дониш аз ёд бибарад, “чашми орзуву умеди” ҷаҳонро, ки чашми хиради худи ӯст, ба пардаи ғафлат бипӯшонад.

Аз ин маншаи волои ҳикмати Наврӯз аст, ки чун соати саодат ва оғози аҳду паймони башар бо олами ҳастӣ муҳимтарин лаҳзаҳо ва гардишҳои сарнавишт ба Наврӯз иртибот дода мешавад, аз ҷумла дар худи “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва дигар осори адаби оламшумули тоҷикӣ-форсӣ аз бар тахт нишастани нахустин шоҳ Каюмарс, то бино кардани кохи муҳташами Айвони Мадоин аз тарафи Хусрави Парвиз, ки ҳамзамон он Кохи Наврӯз ва дурахшонтарин нишонаи қудрати Сосониён будааст.

Дар абёти бозмонда аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоистаи нубуғи беназире, ки хоси ӯст, ба сурати бисёр муҷаз ва балеғ моҳияти ҷашни Наврӯз падидор мегардад:

Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,

То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.

Ҳадяи наврӯзии устод Рӯдакӣ ба амир Нуҳи Сомонӣ се чизи намодин аст: сухан, шамшер ва қалам, ки аз ин се дуто – сухан ва қалам марбут ба рой аст ва дигар, яъне шамшер – рамзи қудрат. Рой, андеша ва пайвастагии он бо қудрат шарти бақои ҳар салтанате ва рамзи пирӯзии он дониста мешавад. Наврӯз замони мусоиде барои ёдоварии ин нукта шумурда шудааст.

Дар қитъаи дигари устод Рӯдакӣ бар ҳурмати хоси ҷашни Наврӯз ва орӣ будани он аз ҳар навъ низоъ таъкид мешавад:

Чун сипарам на(ҳ) миёни базм ба Наврӯз,

Дар маҳи баҳман битозу ҷони аду сӯз.

Бозу-т беранҷ боду ҷони ту хуррам

Бо маю бо рӯду бо набиди Фанорӯз.

Ҳамзамон, аз ин қитъа ин расми қадим, ки миёни Садаву Наврӯзу Меҳргон муштарак мебошад, барафрӯхтани гулхан ва дар он бӯ додани маводи хушбӯй (сипарам, сипарғам, раёҳин) мебошад. Ин расми табхир (бӯ додани маводи хушбӯй) ба воситаи бар оташ ниҳодани онҳо ва ҳамчунин пухтани таомҳои хушбӯй, аз ҷумла анвои ҳалво, ҳанӯз дар иду айём дар миёни мардум роиҷ аст. Зеро мардум, онгуна, ки дар боварҳои бостонӣ ҳаст, эътиқод доранд, ки дар ин айём равони гузаштагон ё фариштагон (дар “Гоҳанбор” – фуруҳарҳо) ба манзилҳо иноят мефармоянд ва аз ин хушбӯйиҳо баҳраманд мешаванд. Аз ҷумла дар шаби Қадр. Аз ин ҷост, ки дар ашъори шоирони пешин Наврӯз ва Қадр баҳам бисёр ёд шудаанд:

Бо тобиши зулфу рухат, эй моҳи дилафрӯз,

Аз шоми ту Қадр ояду аз субҳи ту Наврӯз.

Саноӣ

Зулфи ту шаби Қадру рухи ту ҳама Наврӯз

Мо воситаи рўзу шабаш чун саҳар ойем.

Мавлоно

Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат,

Ки дӯшам Қадр буд, имрӯз Наврӯз.

Саъдӣ

Агар ба таҳқиқи доманадоре ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ шавад, ки чи падидаҳо ба Наврӯз ва замони расидани он пайванд дода шудааст, маълум мегардад, ки бештари кулли ҳама рухдодҳои неку хайр ва муҳиму сарнавиштсоз дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик ба ин ҷашни пурмуҳтаво ва ҳакимона рабт дода шудааст. Ҳастаи ҳамаи онҳоро тоза кардан, таҷдиди паймон миёни абнои башар ва ҳама аҷзои ҷаҳони ҳастӣ ташкил медиҳад. Ба ин мазмун Наврӯз соати мисоқе ҳаст, ки инсонро барои расидан ба навсозӣ ва таҷаддуд ба сароғози ҳастӣ савқ медиҳад. Ба замоне, ки инсон дар сароғози вуҷуд ҳамроҳ бо ҳама падидаҳои ҷаҳон ҳастии муштарак дошт. Ин руҷуи навофарин ва дигаргунсоз ба асли моҳияти хеш дар матни фарҳанги асили муштараки башар аст. Фаррухии Сийстонӣ нидо мекунад:

Зи ҳар байғулаву боғе навои мутрибе бар шуд,

Дигар бояд шудан моро кунун, к-офоқ дигар шуд.

Шоири ҳамдаврони ӯ Манучеҳрӣ мегӯяд:

Наврӯз рӯзгор муҷаддад кунад ҳаме

В-аз боғи хеш боғи Ирам рад кунад ҳаме.

Ин баёнот ҳамон аст, ки Мавлоно фармуда:

Ҳар замон нав мешавад дунёву мо

Бехабар аз нав шудан андар нумо.

Шоёни ифтихор ва мубоҳоти барҳақ аст, ки бо саъйи пайгирона ва огоҳонаи давлат ва миллати Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлол ҳикмати ҷашнҳои таърихии миллии тоҷикон дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ густариш ёфт ва нуфузи муассиру некфарҷом кард. Баъди муддате аз замони эътибори ҷаҳонӣ ёфтани ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯз, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (ба қавли “Бурҳони қотеъ” захираи обҳои баста) эълон шудани соли 2025 ва аз он сол ба баъд рӯзи 21 март, ки аввали Фарвардин ва оғози Наврӯз мебошад – Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидан аз тарафи Созмони милал; дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз (22-24 март) баргузор шудани Конфронси оби Созмони милал, ки перомуни он барномаҳои муфассали таҷлили Наврӯз бо намояндагии вижаи Тоҷикистон дар назар аст, тантанаи амалии ба самар нишастани сиёсатҳои густаришдиҳандаи дониш ва фарҳанги ҷаҳоншумули миллии тоҷикон мебошад.

То ин марҳала баргузории нишастҳо ва семинарҳои байналмилалии илмию табиатшиносӣ перомуни ҷашнҳои пуршукӯҳи Наврӯз дар Тоҷикистон, ба суннатҳои асили Наврӯз барҳақ марбут донистани ҳифзи эътидоли маънавӣ ва табиии ҷаҳон, албатта, таъсири неруманд ва мустақиме дар гирифтани ин тасмимҳо ва андешидани ин тадбирҳои сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Зимнан, рӯзи фаро расидани Наврӯз – 21 март Рӯзи ҷаҳонии шеър ҳам ҳаст. Ин қирони саъд низ берабт ба муҳтавои шеъри оламшумули тоҷик намебошад, ки дар давоми ҳазорон сол дар муқобили туфонҳои ҳувиятбарандози таърих шамъи пурфурӯғи Наврӯзро дар ҳарими ҷони худ ҳифз намудааст.

Ин истиқболи камназири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои башардӯстона ва ободгаронаи раҳбарияти олии Тоҷикистон водор менамояд, ки сармоя ва бизоати маънавӣ ва илмию фарҳангии мо бо саъю кӯшиши бедареғ ба сатҳи муносиби ин ташаббусҳои ҳидоятгарона расонда шавад.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Рустами Ваҳҳоб)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Биёроста чун ба Наврӯз боғ
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар заминаҳои илмӣ ва иқтисодӣ

Матолиби пурбоздид