Русия иҷозат намедиҳад НАТО тавозуни қудратҳоро баҳам занад
Ахбори ҷаҳон
Муовини вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав иҷоза нахоҳад дод НАТО тавозуни қудрати ҷаҳониро тағир диҳад.
Ба гузориши Рarstoday, Рябков гуфӣааст: НАТО дар паи тағири тавозуни қудрати ҷаҳонӣ ба нафъи худ аст ва иддаои султагарии ҷаҳонӣ дорад.
Вай инчунин афзудааст, Маскав иҷозаи ин корро ба НАТО нахоҳад дод.
Рябков гуфтааст: Ин мабнои ақлонӣ барои тақвияти ҳамкории мо бо Чин, ба вижа дар ҳавзаи амниятӣ аст
Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар суханронии худ ба муносибати нахустин солгарди ҷанг алайҳи Украина дар моҳи феврал гуфта буд: Русия аз Паймони Старти Ҷаддид (New START) хориҷ намешавад, вале мушорикати онро ба ҳолати таълиқ дар меоварад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн