Замин такон хӯрд, қалбҳои мо чӣ?
Ҳафиз Раҳмон
(Андешае чанд аз имону виҷдон ва тарс аз фоҷиаҳо)
Ду маротиба шуд, ки замин сахт меҷунбад. Дафъаи аввал сахт буд, дуюмӣ каме сусттар. Ҳар навъе ки бошад, ҷунбидани замин касро мушаввашхотир ва то андозае дилозурда месозад: инсон лаҳзае хешро дар ҳоли навмедиву бечорагӣ эҳсос мекунад. Дар ҳарду заминларза фишорам баланд шуд. Ба он касе бовар кардан душвор аст, ки мегӯяд: парвое надоштам, дар сарнавишт чизе, ки бошад, ҳамонро хоҳам дид… На, ин гуна нест, тарс аз рухдоди фоҷиаҳо, ба мисли ларзидани замин ё селу тӯфонҳои шадид ва ё фуромадани тарма ҳамеша дар вуҷуди инсон будааст ва ҳамин тарс аст, ки одамро аз як ҳолати табиӣ ба ҳолати дигар мебарад…
Одамон аз фоҷиаҳои кайҳонӣ дар ҳаросанд, аммо аз кайҳони худашон огаҳӣ надоранд. Аксарият дар пешорӯйи ин навъ фоҷиаҳо (агарчи заминларза хисороте надошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол, фоҷиа аст) ба Худои хештан муроҷиат мекунанд ва дуо мекунанд, ки Офаридгор ба одамон раҳм кунад ва аз балову офатҳо наҷот диҳад…
Инҳо аксарият ҳастанд, аммо одамоне ҳам ҳастанд, ки хостори бештар ҷунбидани замин мешаванд, ба ин ҳадаф, ки мардум Худоро аз ёд бурдаанд, зулму беадолатӣ ва аъмоли бад афзун шудааст. Яъне мехоҳанд, ки адолату ҳақиқат ва ростиву дигар арзишҳо тавассути ҳамин навъ фоҷиаҳо ба қалби инсонҳо роҳ ёбад… Ҳадаф маълум, аммо роҳи расидан ба ҳадаф нодуруст аст: дар ҳеҷ давру замон ҷазо роҳи ислоҳи хатоҳо ва ҷиноёти мардум набуд ва нахоҳад буд… Ҷазо амали ҷавобист барои содир шудани як амали дигар, фаразан, пушти панҷара солҳо нишастан барои дуздӣ ё куштори каси дигар…
Бояд ҳар навъ хатову ғалат аз андеша ислоҳ шавад, мағзи гап ин ҷост. Иммануил Кант мегуфт, ки ҳар амали зиддиинсоние, ки содир мешавад, аз назари ҳуқуқ ҷиноят аст, аммо аз нигоҳи маънавият ҳамон вақт ҷиноят ҳисобида мешавад, ки андешаи содир намудани он дар мағз пайдо шавад… Яъне андеша волотар аст аз кирдор, муҳимтар нияти одам аст…
Баъдан, ҳар амалу падидае, ки дар рӯзгори мо рух медиҳад, хоҳ табиӣ бошад, хоҳ маҳсули кори инсон, сабақомӯз аст, фоҷиаҳо низ. Дар чиҳил сонияи заминларзаи Туркия 50 ҳазор одам талаф шуд, миёни онҳо ҳам ҷинояткорон буданд, ҳам тифлакони маъсум, ҳам ришвахорон буданд, ҳам парҳезгорон… Ончунон ки дар ҷангал сухтор шавад, хушку тар баробар месӯзад. Яъне бо фоҷиаҳо тарсонидани мардум, аз ҷумла ҳокимону мансабдорон, ки баинсофу боадолат шаванд, роҳи ҳалли масъала нест. Ба инсон ё шахсияте, ки чӣ будани имону виҷдонро намедонад, на заминларза таъсир мекунад, на селу тӯфон. Дузде, ки як бор дуздӣ карду ба даст науфтод, дуздиашро идома хоҳад дод… Оне, ки моли ятим мехӯрад, на аз Худо метарсаду на аз қонуни давлат… Оне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат мошин мехараду хонаҳои баланд, ба ягон арзиш, на исломиву на дунявӣ, итминон нахоҳад кард… Зеро ба рӯзи ҷазо (ҳам дар ин дунё, ҳам дар он дунё) бовар надорад, ҳарчанд пинҳон-пинҳон тавбаю надомат ҳам мекунад…
…Солҳои ҷанги таҳмилии бародаркуш аз Лоиқи бузургвор мепурсанд: шумо шоири миллат ҳастед, чаро пеши роҳи куштору нобасомониҳоро намегиред? Посухи шоир аҷиб будааст: мардуме, ки сухани Худоро гӯш намекунад, магар гапи маро мегирад???
Ҳамин тавр, ислоҳи имону виҷдон ва хулқу атвори ҷомеа коре нест, ки бо як фоҷиа ва ё тарс аз рухдоди он ҳал бишавад, ин кор бояд мудаввом бошад, ба қавли Арасту аз муҳит, таълим ва худро тарбият додан вобастагӣ дораду халос. Хоҳем, нахоҳем ҳамон сухани Арастуро ҷонибдор мешавем, ки инсон табиатан махлуқи иҷтимоию сиёсист. Ба сиёсат дахл накардани инсон низ сиёсат аст, инсон наметавонад берун аз чаҳорчӯбаи ахлоқи ҷомеа по гузорад, бахусус дар ҷомеаи тоҷикии мо, ки суннатгароист. Вазифаи давлат ва ҷомеа ба вуҷуд овардани чунин шароитест, ки инсонро аз рафтори бад пешгирӣ ва ба қонунҳои адолатасос қарин созад.
Ҳоло илм дар шарҳи бисёр падидаҳои табиат гунгу оҷиз аст, мисли кӯдакест, ки ниёз ба ғамхории модар дорад. Ҳарчанд дар масъалаи пешгирии маризиҳои сироятӣ ва сохтани ҳуши сунъӣ комёб шудааст. Аммо нокомиҳояш аз пешрафтҳояш бештар аст, фаразан дар ташхиси хӯю хислати инсон то кунун посух надорад: чаро одам ба корҳои бад ин қадар шавқу ҳавас дорад, чаро пеши роҳи ҷангу одамкушиву дигар кирдорҳои фаҳшро гирифтан имкон надорад. Билохира, чаро зилзиларо пешгӯйӣ кардан мумкин нест, чаро ҳазорҳо сол адолат мегӯянд, аммо дар амал нест ва даҳҳо суолҳои дигар…
Ҳанӯз дар аввалин санади шоҳи Бобулистон Ҳаммурапи (1792-1750 қабл аз милод) эълон шуда буд, ки “маро худоён барои он ҳукумат доданд, ки се тоифа – нотавонон, бевазанон ва ятимонро аз зулми дигарон бираҳонам…”. Дар қонунномаи ҳиндувони қадим низ мавҷудияти қонунро чунин шарҳ медоданд: қонун барои он лозим аст, ки зӯрмандон нисбат ба мардуми нодору нотавон, мисли он ки моҳиро бирён мекунанд, рафтор накунанд…
Аҷаб шарҳу тафсирҳое, ки баъди ҳазорҳо сол арзиши худро гум накардаанд… Ва аҷаби дигар ин аст, ки то кунун дар риояти адолат ҷомеаҳо пешрафт надоранд, аз ин рӯ, осебпазиранд. Ва илм низ дар ин мавқеъ сухани гуфтанӣ надорад…
Дар замонаш Суқроти бузург мегуфт, ки некӣ аз ақл аст, бадӣ аз адам ё набудани дониш. Донистани он ки чӣ нек асту чӣ бад, аз ҳама муҳимтар аст. Аммо Арасту ба ин розӣ нашуд. Ӯ мегуфт: донистани некиву бадӣ чизи дигар асту истифодаи дониш дар бораи онҳо чизи тамоман дигар…
Ҳамин тавр, мерасем то хулоса. Замин ҷунбид, оё қалбҳои мо, ақлҳои мо, мағзҳои мо ҳам меҷунбида бошад, ки андаке ба худамон ва ба атрофиён бо назари меҳру шафқат ва адолату муҳаббат бингарем?
Ин суолест, ки аз ҳар яки мо посух мехоҳад… Ҳам аз вазиру кабир, ҳам аз аробакаши сағир…
Ҳафиз РАҲМОН
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн