Мақоми исроилӣ: Эҳтимолан Исроил имсол суқут мекунад

Таҳлили хабарӣ

Мақоми исроилӣ: Эҳтимолан Исроил имсол суқут мекунад

Ахбори ҷаҳон

Мақоми барҷастаи амниятии Исроил: “Эҳтимолан Исроил имсол (2023) суқут мекунад”
Амос Ядлин, аз мақомоти барҷастаи амниятии “Исроил”, бо ишора ба вазъияти асафноки саҳюнистҳо, ба эҳтимоли суқути ин режим дар соли ҷорӣ ишора кард.
Ядлин дар як силсила ёддошт дар Твиттер навишт:
“Дар ин замон, ки давлати Натонёҳу ва сиёсатмадорон дар дохил бар рӯйи тарҳи ислоҳоти қазоӣ мутамаркиз ҳастанд, чаҳор иттифоқ дар марзҳои хориҷии мо дар ҳоли вуқӯъ ҳастанд, ки эҳтимоли суқути мо дар соли 2023-ро дар пай доранд. Замоне як “Туфони комил” (киноя аз як ҳодиса) рух диҳад, Исроил бо ба ларза даромадани лангарҳои амниятии худ, мутаваҷҷеҳи ин чаҳор арса хоҳад шуд:
Артиши Исроил аз дарун мутазалзил ва пора шудааст, шикоф ва беэътимодӣ бо муҳимтарин муттаҳиди мо – боздорандагии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар пойинтарин ҳадди худ қарор дорад, иқтисоди мо рӯ ба вахим шудан аст, ҳамбастагӣ ҷойи худро ба як шикофи амиқ дода ва ҳисси сарнавишт ва мақсади муштараки исроилиҳо зарбаи сахте хӯрдааст.
Нахуствазир дар суханрониҳои худ ба забони англисӣ, қавл дод, ки “киштиро бо дастони худ дар масир ва ҷиҳати дурусте” ҳидоят хоҳад кард, аммо бо ин ҳол, дар инҷо ва ба забони ибрӣ, киштӣ дар ҳоли рафтан ба самти сахраҳоест, ки воқеӣ ҳастанд ва ба назар мерасад, ки капитане вуҷуд надорад, ки хатаротро ташхис диҳад.
Эҳтимоли ташдиди таниш дар ду ҳавза вуҷуд дорад:
1) Ҳавзаи Фаластин дар 4 ҷабҳаи он (Қудс, Каронаи Бохтарӣ, Ғазза ва шаҳрҳои мухталити арабҳову исроилиҳо);
2) Ҳавзаи Лубнон. Таниш дар сояи фарсоиши боздорандагӣ муқобили Ҳизбуллоҳ афзоиш ёфтааст, ки ин амр бо мушакҳои дақиқ ва падофанди ҳавоии дар дасти Ҳизбуллоҳ ташдид шудааст ва акнун Ҳизбуллоҳ бӯҳрони Исроилро як фурсат барои худ медонад.
Чолиши дигар дар шарқ, барномаи ҳастаии Эрон аст, ки ҳамчунон дар ҳоли пешрафт аст ва бо ин ҳол, равобити Исроил бо Омрико ва кишварҳои арабӣ осебҳоеро мутаҳаммил шудааст, ки бархе аз онҳо бесобиқа ва ғайриқобили баргашт аст.
Дар мувоҷеҳа бо чолишҳои амниятӣ, вузарои аршади давлати Натонёҳу, ки таҷрибаи байналмилалии онҳо сифр аст, ба мавқеияти Исроил дар ҷаҳон ва мавозеи он осеби муҳлике ворид мекунанд ва ҳадоёи арзишмандеро барои ҷунбиши BDS (таҳрим ва бойкути Исроил) ва ба ҳамаи касоне, ки аз Исроил мутанаффир ҳастанд, тақдим мекунанд.
Машрӯияти Исроил ба суръат дар ҳоли тамом шудан аст ва ҳимоят аз он дар миёни дӯстонаш дар Иёлоти Муттаҳида низ дар ҳоли фурӯпошист.
Бадеҳист, ки вузарои аршади кобинаи Натонёҳу намедонанд, ки ҳимояти Омрико аз Исроил чӣ қадар ҳаётӣ аст, ки аз ҷумлаи ин кӯмакҳо, кӯмакҳои сиёсии ғайриқобили ҷойгузин ва ҳимоятҳои будҷавии густурда барои тақвияти амнияти Исроил аст.
Вазири дороӣ мехоҳад рустоҳои фаластиниёнро аз байн бибарад, ӯ аз касоне, ки рустоҳоро месӯзонанд ҳимоят мекунад, бӯҳронҳои сиёсӣ эҷод мекунад ва пешбиниҳои мутахассисони иқтисодиро нодида мегирад.
Вазири амнияти дохилӣ бо рехтани бензин бар оташи фаластиниён, ба пулис ва мақомоти он ва ҳамчунин ширкаткунандагон дар тазоҳурот алайҳи Натонёҳу, эълони ҷанг кард. Вазири додгустарӣ осебҳои ҷиддиеро, ки ба қудрати низомӣ ва иқтисодии Исроил ворид мекунад нодида мегирад.
Ин ҳамон чизе аст, ки нишон медиҳад давлат дар остонаи фоҷеа қарор дод; ҳамаи сигнолҳои ҳушдор ба садо даромадаанд, ҳамаи чароғҳои ҳушдордиҳанда чашмак мезананд, аммо давлати Натонёҳу исрор дорад, ки вориди бӯҳрони стратегӣ-амниятӣ-сиёсӣ шавад; чизе, ки мусовӣ бо суқути Исроил дар соли 2023 аст”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худхоҳӣ
Шайхурраис Буалӣ Сино

Матолиби пурбоздид