Лаҳни хуши ҳазрати Дӯст

Лаҳни хуши ҳазрати Дӯст

Чӣ гуна Қуръон бихонем?

“Қуръони Абдулбосит чаро ин қадар дар тамоми кишварҳои исломӣ тавсиа пайдо кардааст? Барои ин ки Абдулбосит бо садо ва оҳанги олӣ ва бо донистани анвои қироатҳо ва оҳангҳо ва шинохтани ин ки ҳар сураеро бо чӣ оҳанге бояд хонд, мехонад; фарз кунед хондани сураи “Шамс” ё “Ваззуҳо” бо чӣ оҳанге муносиб аст.

Дар ҳадис, дар бораи бисёре аз имомони атҳор аз ҷумла роҷеъ ба ҳазрати Саҷҷод ва ҳазрати Боқир дорем, ки инҳо вақте Қуръон мехонданд, онро бо садо ва оҳанги баланд ва дилпазир мехонданд, ба тавре, ки садояшон ба даруни кӯча мерасид ва ҳар касе, ки аз он кӯча мегузашт, ҳамон ҷо меистод, ба тавре, ки дар муддате, ки Имом дар хонаи худаш Қуръонро бо оҳанги латифу зебо қироат мекард, пушти дари хона ҷамъият ҷамъ мешуд ва роҳ банд меомад. Ҳатто навиштаанд, обкашҳо, ки зиёд ҳам буданд, дар ҳоле, ки машк ба дӯшашон буд, вақте меомаданд аз ҷилави манзили Имом убур кунанд, бо шунидани садои Имом пойҳояшон қудрати рафтанро аз даст медод ва бо ҳамон бори сангини машки пур аз об бар дӯш меистоданд, ки садои Қуръонро бишнаванд, то вақте, ки Қуръони Имом тамом мешуд…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳамосаи ҳусайнӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Моҳи озодӣ
Рамазон – баҳори Қуръон

Матолиби пурбоздид