Умед
Нақши умед дар зиндагӣ
Зарфияти инсон барои пазириши умед, шигифтангезтарин ҳақиқати зиндагист. Умед барои башар як мақсади возеҳ мушаххас мекунад ва энержии лозимро барои шурӯъ кардан ба ӯ медиҳад.
Норман Казинс
***
Умедатонро, ки аз даст бидиҳед, ингор ҳама чизро аз даст додаед. Албатта ҳатто замоне ки фикр мекунед, ҳама чиз аз даст рафтааст, боз ҳам умед вуҷуд дорад.
Питтакус Лор
***
Умед монанди сутунест, ки ҷаҳонро сари по нигаҳ медорад. Умед рӯъёи инсони бедор аст.
Плиний
***
Аз дирӯз дарс бигир, барои имрӯз зиндагӣ кун ва ба фардо умедвор бош. Муҳимтарин чиз ин аст, ки аз пурсидан даст накашӣ.
Алберт Эйнштейн
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн