Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Ахбори байналмилал

Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дарёфти роҳҳо ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноеъ, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл,  кишоварзӣ, фанновариҳои навин ва рушди содирот эълом шудааст.

Дар ҳамоиши сармоягузори Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва Соҳиб Мамадов, муовини вазири иқтисодии Ҷумҳурии Озарбойҷон дидгоҳҳои худро дар мавриди роҳҳои тақвияти манофеи мутақобили ҳамкории иқдисодӣ ва тиҷорӣ ва ҷазби сармояи Озарбойҷон ба иқтисоди Тоҷикистон баён карданд.

Баргузори ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муассир дар тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории ду кишвар хоҳад дошт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон вориди Душанбе шуд
Ҳиндустон – дуввумин кишваре, ки бештарин масҷидро дорад

Матолиби пурбоздид