Даргирии Толибон бо ДОИШ

Даргирии Толибон бо ДОИШ дар вилояти Нимрӯз

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Рarstoday, нерӯҳои амниятии Толибон махфигоҳи аносири ДОИШ дар шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯзи Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Нимрӯз бо таъйиди ҳамлаи шабонаи нерӯҳои амниятии Толибон ба махфигоҳи ДОИШ дар минтақаи Маъсумободи шаҳри Заранҷ, наздики марзи Эрон гуфтанд: Даргири то бомдоди рӯзи сешанбе идома доштааст.

Ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати Толибон зидди аъзои гурӯҳи терорристии ДОИШ, дар ҳолеаст, ки 26-март, сервиси иттилоотии Толибон эълом кард: Мавлавӣ Зиёуддин фарди шумораи дуи ДОИШ ва ду узви аршади дигари ин гурӯҳ ба номҳои  Абуумар Афридӣ ва Салмони Тоҷикистониро ба ҳалокат расондааст.

Ҳукумати  Афғонистон тайи ҳафтаҳои ахир борҳо эълом кардааст махфигоҳҳои ДОИШ-ро дар шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф ва Маймана ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол саркардаи ДОИШ дар Афғонистон ба тозагӣ дар файли савтӣ аз тазъифи мавқеияти ин гурӯҳ дар ин кишвар хабар дод ва афзуд, танҳо теъдоди андаке аз фармондеҳони ДОИШ дар Афғонистон боқӣ мондаанд.

Афзоиши ҳамалоти нерӯҳои Толибон ба гурӯҳи террористии ДОИШ дар вилоят ва шаҳрҳои мухталифи Афғонистон дар ҳафтаҳои ахирро метавон ношӣ аз фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои муқобила бо терроризм дар ин кишвар донист.

Аз замони ба қудрат расиданди муҷаддади Толибон дар Афғонистон дар августи 2021 то кунун, ҷомеаи байналмиллалӣ ба хусус кишварҳои ҳамсоя аз идома ва ташдиди фаъолиятҳои ДОИШ  дар ин кишвар интиқод карда ва хостори бархурди ҷиддии ҳукумати Толибон аз ин гурӯҳи хашини террористӣ шудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико монеи судури баёнияи Шӯрои амният дар маҳкумияти “Исроил” шуд
Вазорати умури хориҷаи Амрико: “Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад!“

Матолиби пурбоздид