Чаро умедбахшӣ муҳим аст?

Чаро умедбахшӣ муҳим аст?

Умедбахшӣ чӣ аҳамияте дар зиндагии инсонҳо дорад?

Зиндагӣ, ба маънои лаззат бурдан аз рӯзҳои хуб ва сипосгузорӣ кардану сабур будан дар рӯзҳои сахт аст ва тағйир додани он чӣ ки намехоҳем.

Гоҳе вақтҳо инсон ба ҳадде мерасад, ки аз зиндагӣ ва атрофиён ва ҳама касу ҳама чиз мутанаффир мешавад.

Оромиши даруниашро аз даст медиҳад, зиндагӣ барояш дилчаспу ширин наметобад ва ба ҷои инҳо, нафрату ноумедӣ инсонро фаро мегирад.

Дар ин лаҳзаҳо барои инсон муҳаррике лозим аст, ки ӯро аз ин ҳолат раҳо созад.

Бояд ёдамон бошад,ки ҳадаф ва орзуҳои ҳамаи афрод дар ҷаҳони ҳастӣ, хушбахтӣ ва лаззат бурдан аз зиндагист, аммо гоҳе ин кор ба осонӣ муяссар намешавад. Гоҳе воқеият бар хилофи он чизест, ки мо мехоҳем.

Аммо набояд ғафлат кунем, ки бо вуҷуди тамоми мушкилоту сахтиҳо, зиндагӣ ҷараён дорад ва истифода аз роҳҳо ва равишҳои таҷрибашуда метавонад ба мо кӯмак кунад, то зиндагиамонро он гуна ки мехоҳем мудирият кунем.

Дар идома ба чанд равиши сода ишора мекунем, ки ба мо дар масири мазкур метавонад кӯмак кунад.

1 – Муҳимтарин масъала доштани хоб ва истироҳати кофӣ барои афзоиши умед ба зиндагӣ мебошад.

2 – Хӯрдани хӯрокиҳои солим.

Баъзе вақтҳо вазни изофӣ ва фарбеҳӣ инсонро ба ноумедӣ ва асурдагӣ мерасонад. Хӯрдани хӯрокиҳои солим боиси коҳиши вазн ва саломатии беҳтари ҷисмӣ мешавад ва дар ниҳоят, ба нишоту хушҳолӣ дар зиндагӣ мешавад.

3 – Тамоми чизҳое, ки дар зеҳнамон мегузарад, бинависем.

Ёддошт намудани масоиле, ки дар зеҳнамон ҳаст, боис мешавад, ки роҳи ҳалҳои муносибе барои мушкилотамон пайдо кунем.

4 – Бештар дар ҳавои тоза сайругашт кунед.

5 – Варзиш яке аз муҳимтарин омилҳои нишоту саломатии ҷисмӣ ва руҳӣ аст.

6 – Аз зиндагӣ лаззат баред.

Ба ҷои нафрат аз зиндагӣ бояд аз зиндагӣ лаззат барем. Хушиҳои зиндагиро қадр бидонем. Ёдамон наравад, ки зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст. Бояд то ҷое ки мумкин аст, ҳадафҳоямонро пайгирӣ кунем. Ба ҷои он ки дар хона бишинем, ба кино биравем, ба порк ва сайругашт биравем, бо дӯстонамон бишинем, наққошӣ кунем ва ба корҳое даст бизанем, ки моро хушҳол мекунад.

7 – Масоиле, ки моро нороҳат мекунад ва ба мо энержии манфӣ медиҳад, аз зиндагии худ дур кунем.

8 – Мутолиаи китобро фаромӯш накунед.

9 – Ҳамеша ба самти пеш ҳаракат кунед.

Шикастҳо ва монеаҳо набояд моро аз ҳаркат ба самти пеш боздорад.

10 – Некӯкор бошед ва ба дигарон кӯмак кунед.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазфи визо байни Эрон ва Қазоқистон
Ҳикматнома

Матолиби пурбоздид