CIA: Ҳамос аз Ҳизбуллоҳ мушакҳои дурбурд гирифтааст

CIA: Ҳамос аз Ҳизбуллоҳ мушакҳои дурбурд гирифтааст

Ахбори байналмилал

Созмони иттилооти Омрико (CIA): “Ҳамос аз Ҳизбуллоҳи Лубнон барои ҳамла ба Исроил мушакҳои дурбурд гирифта”

Масъули баландпоя дар Созмони иттилооти Омрико (CIA) гуфт, Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Ҳамос кӯмак мекунад ва мушакҳои дурбурдро дар ихтиёри ин гурӯҳ мегузорад.

Ин манбаъ ба Skynewsarabia гуфт: “Ҳизбуллоҳи Лубнон мушакҳои дурбурдро дар ихтиёри Ҳамос мегузорад, то битавонад Исроилро аз хоки Лубнон ҳадаф бигирад.”

Ин масъули омрикоӣ афзуд: “Сипоҳи Посдорони Эрон садҳо нерӯи Ҳамосро аз фурудгоҳи Бейрут мунтақил карда, то тавассути Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чорчӯби гушудани ҷабҳаи шимолӣ алайҳи Исроил бидуни мудохилаи Сайидҳасан Насруллоҳ омӯзиш бибинанд.”

Вай бо овардани далоили худ афзуд: “Созмони иттилооти Омрико иттилооте дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳанд, Ҳизбуллоҳи Лубнон фаъолони Ҳамосро барои ба коргирии мушакҳои дурбурди пешрафта ба манзури партоб ба Исроил омӯзиш медиҳад.”

Ӯ гуфт: “Ҳамоҳангӣ байни Сипоҳи Посдорони Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сурия барои фароҳам кардани интиқоли нерӯҳои Ҳамос ба Лубнон вуҷуд дорад, то дар минтақаи Биқоъ омӯзиш бибинанд. Баъд аз он ин нерӯҳо ба ҷануби Лубнон ва мушаххасан ба урдугоҳҳои оворагони фаластинӣ мунтақил шаванд.”

Ин манбаъ гуфт, давлати Бойден бо артиши Лубнон тамос гирифта ва хостори ҳамкорӣ дар шиносоии амокини ҳузури нерӯҳои Ҳамос ва захоири низомиашон шудааст.

Ин манбаъ ҳамчунин ба “вуҷуди нигарониҳое дар бораи истифода аз ин мушакҳо алайҳи Исроил ишора кард, ки эҳтимоли вуқӯъи даргирии хатарнок дар ҳафтаҳои ояндаро дар пай дорад.”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар дине набуд…
Эътирофи нахуствазири Исроил ба заъфу нотавонӣ дар баробари гуруҳҳои муқовимат

Матолиби пурбоздид