Раҳбари Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис боздошт шуд

Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Аннаҳза дар Тунис боздошт шуд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши пойгоҳи шабакаи Алҷазира, Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис аз боздошти раҳбари худ тавассути нерӯҳои амниятии ин кишвар хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис дар баёнияе эълом кард, ки як гурӯҳи амниятӣ шомгоҳи душанбе (17 апрели 2023) ба хонаи Рошид ал-Ғаннушӣ, раҳбари ин ҷунбиш, ки раиси порлумони Тунис буд юриш бурда ва вайро боздошт карданд.
Тибқи ин баёния, Ал-Ғаннушӣ тавассути ин гурӯҳи амниятӣ ба макони номушаххасе мунтақил шудааст ва ин иқдом хориҷ аз чорчӯбҳои қонунӣ анҷом шудааст.
Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис дар идома ин иқдомро як “таҳаввули бисёр хатарнок” тавсиф кард.
Мақомоти қазоии Тунис дар бораи далоили боздошти Ал-Ғаннушӣ изҳори назар накардаанд, аммо ин иқдом як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Ал-Ғаннушӣ гуфта буд: “Як монеи фикрӣ ва идеулужик дар Тунис вуҷуд дорад, ки ҷанги дохилиро шакл медиҳад”.
Аз феврал ҳудуди 10 нафар аз шахсиятҳои мухолифи тунисӣ боздошт шудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳуши маснуӣ чист ва чӣ гуна кор мекунад?
Ҳинд пурҷамъияттарин кишвари дунё

Матолиби пурбоздид