Чин ва Эрон монеи барномаҳои якҷониба ва султаҷӯёнаи Амрико ҳастанд
Ахбори байналмилал
Вазири дифои Эрон гуфт: Эрон ва Чин бо шинохти аҳдофи НАТО ва Амрикову муттаҳидонаш ҳамвора талош кардаанд,то монеи таҳаққуқи рӯйкардҳои якҷонибагароёна ва тамомиятхоҳии Ғарб дар мавриди кишварҳои мустақил шаванд.
Вазири дифои Эрон – Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар дидор бо Ли Шонг Фу дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҳинд, нуфт: Бо таомул ва ҳамкории байни кишварҳои ҳамсӯ метавон бо чолишҳову таҳдидоти муштараки амниятӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон муқобила намуд.
Оштиёнӣ бо ёдоварии нақши Амрико дар арқи Аврупо, ғарби Осиё ба буҳронсозӣ ва танишофаринӣ гуфт: Сиёсатҳои Амрико як таҳдиди муштарак барои Эрон ва Чин аст.
Оштиёнӣ бо ишора ба баргузории размоиши муштараки баҳрии Эрон, Чин ва Русия, баён дошт: Ин мавзӯъ нишон дод, ҳар се кишвар мухолифи нигоҳи султаҷӯёнаи Ғарб ва Амрико ҳастанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн