Оё пирӯзии Эрдуғон таъсире дар робитаҳои Эрон ва Туркия хоҳад дошт?
Ахбори байналмилал
Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия баргузор шуд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, бо пирӯзӣ дар интихобот, барои 5 соли дигар қудратро дар ин кишвар, дар ихтиёр хоҳад дошт.
Яке аз мавзуоте, ки ҳоизи аҳаммият аст, ин аст, ки пирӯзии Эрдуғон чӣ таъсире бар минтақа хоҳад дошт?
Таҳлилгарон суолҳоеро дар мавриди ин ки чӣ таъсир ва паёмадҳое аз пирӯзии Эрдуғон бояд интизор дошт, изҳори назар кардаанд ва аз ҷумла дар мавриди муносибатҳои Эрон ва Туркия низ назари худро иброз доштаанд.
Таҳлилгарон дар ин бора гуфтаанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар интихоботи Туркия рӯйкарди адами мудохиларо дар пеш гирифта буд, чаро ки ба Туркия беш аз ҳама нигоҳи геополтикӣ дар қолаби як кишвари ҳамсоя дорад. Дар айни ҳол, Эрон ба Туркия ба унвони як кишвари исломӣ менигарад.
Бар ҳамин асос, Саидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар паёме ба Эрдуғон, зимни табрики пирӯзии вай дар интихобот, хостори тақвияти равобити дуҷонибаи ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ шуд.
Бо ин ҳол, ба назар мерасад дар давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурии Эрдуғон, ихтилофот миёни Эрону Туркия дар бархе масоили минтақаӣ, аз ҷумла дар Қафқоз идома дошта бошад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн