Итъоми аҳлу аёл
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Он чӣ аз таом, ки худ мехўрӣ садақа аст ва ҳар чӣ ба ҳамсару фарзандон ва хидматгору шогирдонат мехўронӣ, низ бароят садақа ҳисоб мешавад».
Ва дар ҳадиси дигаре фармудаанд:
«Ҳар чӣ шахсе бар ҳамсару фарзанд ва аҳли байташ инфоқ кунад садақа ба ҳисоб меояд».
Рўзе Паёмбар ба асҳоби худ фармуд:
«Садақа диҳед!»
Шахсе бархост ва арз кард, ки ман диноре пул дорам.
Фармуданд: «Онро барои худат харҷ кун».
Гуфт: «Динори дигаре ҳам дорам».
Фармуданд: «Барои фарзандонат харҷ кун».
Гуфт: «Динори дигаре низ дорам».
Фармуданд: «Барои хидматгорат харҷ кун».
Гуфт: «Динори дигаре ҳам дорам».
Фармуданд: «Дар мавриди масрафи он худат тасмим бигир».
Ва низ фармуданд: «Марде, ки ҳамсарашро ҷуръае об диҳад аҷру савоб мебарад».
Сомонаи Қаламонлайн