Ардуғон моҳи оянда мизбони Натонёҳу дар Туркия хоҳад буд

Ардуғон моҳи оянда мизбони Натонёҳу дар Туркия хоҳад буд
Ахбори байналмилал
Бино бар гузориши хабаргузории Bloomberg, Натонёҳу ва Ардуғон дар ибтидои моҳи оянда (июл) бо якдигар дар Онқоро дидор хоҳанд кард.
Бар асоси ин хабар, дидор миёни Натонёҳу ва Ардуғон дар ростои беҳбуди равобити дуҷониба сурат мегирад.
Пеш аз ин низ дар таърихи 15 июн бархе расонаҳои режими саҳюнистӣ аз эҳтимоли сафари Натонёҳу ба Туркия хабар дода буданд.
Bloomberg навиштааст, ки “маҳори фаъолиятҳои Эрон дар минтақа” аз дигар омилҳое аст, ки Туркия ва режими саҳюнистиро барои тавсиаи равобит тарғиб мекунад ва Туркия аз афзоиши нуфузи Эрон дар Сурия нигарон аст.
Мавзӯъи имкони содироти газ аз сарзамини ишғолии Фаластин ба Урупо аз тариқи Туркия, аз дигар мавориде аст, ки пешбинӣ мешавад дар дидори Натонёҳу ва Ардуғон матраҳ шавад. Газе, ки ҳаққи мардуми Фаластин аст ва саҳюнистҳо аз бистари баҳри Миёназамин дар наздикии соҳили Фаластин даст ба истихроҷи он задаанд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қитъае аз Субҳӣ Ҷавҳаризода
Таҳлиле бисёр дақиқ аз Лук Ҳординг (Luke Harding) дар Guardian

Матолиби пурбоздид