Инсондӯстӣ

Инсондӯстӣ

Агар воқеан як касе башардӯст бошад, ба ҳамаи инсонҳо хидмат мекунад ва ба ҳеч инсоне аз он ҷиҳат, ки инсон аст хиёнат намекунад, ҳаққи ҳеч инсонеро поймол намекунад аз он ҷиҳат, ки инсон аст. Ба назар мерасад, ки ҳадди ниҳоии хуруҷ аз худхоҳӣ ин аст, ки дӯстӣ нисбат ба ҳамаи инсонҳо тавсиа пайдо кунад. Дар ин сурат “худ”-и инсон яъне ҳамаи инсонҳо аз он ҷиҳат, ки инсон ҳастанд.
Ба ин (назария) ҳам эроде ворид аст: чаро мо инсондӯст бошем, вале ҳайвондӯст набошем? Ин марз барои чист? Оё мантиқӣ аст, ки ин марз бояд дар инҷо мутаваққиф шавад ва “худ” ба инҷо, ки расид, бояд ҳисоре ба даври хеш бикашад? Ё аз ин ҳам метавон ҷилавтар рафт, ки номи он мешавад ҳақпарастӣ ва Худопарасти, ки чун Худо мавҷуде дар канори мавҷудоти дигар нест, дар масири Худопарастӣ ҳама чиз дар дунё ҳаст.
Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз Ӯст,
Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз Ӯст.
(Саъдӣ)
Баргардем ба суол дар мавриди инсондӯстӣ, ки оё марзи “худӣ” инҷост ва дар инҷо мутаваққиф мешавад? Ё ҷилавтар меравад ва далел надорад, ки мутаваққиф шавад? Ба илова, дар мавриди инсондӯстӣ як суоли дигар матраҳ аст ва он ин ки: вақте мегӯем инсондӯстӣ, мақсуд аз “инсон” чист? Ҳар ҳайвоне ва ҳар ҷамоде ҳамон чизе аст, ки ҳаст.
Масалан, агар бигӯем гулдӯстӣ, гул ҳамин аст, ки ҳаст, гул, ки дигар усуле надорад.
Ҳайвон ҳам ҳамин тавр. Вале инсон танҳо мавҷудест дар ин дунё, ки билқувва аст ва бояд билфеъл шавад, яъне инсонро наметавон ҳамин мавҷуди як сару ду гӯш ҳисоб кард ва гуфт, башардӯстӣ яъне ҳар ҷо, ки ин ҳайвони муставиюлқомаи паҳннохун вуҷуд дошт, бояд ӯро дӯст дошт. На, инсон як инсонияте ҳам дорад. Як инсон мумкин аст зидди инсон бошад. Вале ҳайвони зидди ҳайвон надорем, ҳайвон ҳамеша ҳайвон аст.
Инсонияти инсон ба як силсила маъонӣ ва ба як силсила ҳақоиқ ва ба як силсила латоиф бастагӣ дорад, ки агар фарде фоқиди онҳо ё бар зидди онҳо бошад, наметавон ӯро инсон шумурд. Он гоҳ баҳс инҷо пеш меояд, ки агар инсоне зидди инсоният шуд ё зидди инсонҳои дигар шуд — ки зиёд ҳам суроғ дорем: он инсоне, ки инсонҳои дигарро залилу хор мекунад, ба онҳо ситам менамояд ва ба ҳуқуқи онҳо таҷовуз мекунад ва фосид аст — оё бояд ӯро мисли дигарон дӯст дошт ва гуфт, билохира инсон, ки ҳаст? Ё бояд ӯро аз байн бурд? Дар сурати дуввум, ин кор бо инсондӯстӣ чӣ гуна созгор аст?
Ҷавоб ин аст, ки агар мақсуд аз инсондӯстӣ дӯст доштани ин ҳайвони дупост, аз ин назар инсони воқеӣ бо инсони зидди инсон ҳеч фарқе намекунад. Аммо агар гуфтем, мо аз инсоният як маънӣ мефаҳмем ва инсон як мавҷуди маънодоре аст, ки мумкин аст аз маънии инсоният пур бошад ва мумкин аст холӣ бошад ва ё бар зидди маънии инсоният бошад, он вақт мафҳуми инсондӯстӣ барои мо маънии дигаре пайдо мекунад, ки инсонҳоро бояд дар масири инсоният дӯст дошт, на дар хилофи ин масир. Ва ба ҳамин далел агар инсоне бар зидди масири инсоният буд, аҳёнан бояд бо ӯ ба шадидтарин ваҷҳе мубориза кард, бо хушунат рафтор намуд ва ба ӯ ба чашми як хор дар сари роҳи инсонҳо нигоҳ кард ва ин кор, худ навъе алоқа ба инсон аст. Яъне мубориза кардан бо инсони зидди инсон ба хотири инсоният, худ навъе алоқа ба инсоният ва алоқа ба башарият аст, аммо башарияти маънидор, башарияте, ки маънии башарият дар он бошад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва озодихоҳӣ – IV
Инсон ва озодихоҳӣ – III

Матолиби пурбоздид