Ислом ва рушди ҷисмӣ

Ислом ва рушди ҷисмӣ

Саломат ва тандурустӣ дар ислом

“Агар ислом тарафдори рушди ҷисм аст, пас чаро ин қадар мегӯянд, танпарварӣ бад аст?
Танпарварие, ки бад аст, ғайр аз парвариши тан ба маънии беҳдошт аст. Он танпарварӣ дар воқеъ нафспарварӣ аст, ки ағлаб бар зидди беҳдошти ҷисм ва парвариши ҷисм мебошад.
Он танпарварие, ки бад аст, маъниаш ин аст, ки инсон нафспарвар ва шаҳватрон бошад, яъне ҳамеша дунболи тамоюлоти нафсонии худ бошад ва рабте ба масъалаи рушди ҷисм надорад.
Иттифоқан қазия дуруст баръакс аст, яъне агар инсон зиёд дунболи парвариши тан ба маънии нафспарварӣ биравад, ба ҷисмаш зиён мерасонад. Одами нафспарвар фақат дар бораи шикамаш фикр мекунад, ки лаззати шикамро ҳар чи бештар бибарад. Ва шак надорад, ки касе, ки мехоҳад ҷисмашро солим нигаҳ дорад, наметавонад ин ҷур бошад, балки бояд бо шикампарастӣ мубориза кунад. Як одами танбал ва танпарвар дунболи лаззатҳои дигар аст. Шаб то субҳ намехобад барои ин ки дар фалон маҷлиси айш ширкат кунад, падари ҷисму аъсоби худашро дармеоварад. Ин танпарварӣ ба маънии нафспарварӣ аст ва бар зидди парвариши ҷисм ба маънии беҳдошти ҷисмӣ мебошад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Таълиму тарбият дар ислом)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабири кулли СММ: “Оташ задани Қуръони Карим дар Суэд (Шветсия)-ро маҳкум мекунам!”
Вақте ахлоқ ба инҳитот меравад…

Матолиби пурбоздид