Қатъномаи СММ алайҳи иҳонат ба Қуръон

Қатъномаи СММ алайҳи иҳонат ба Қуръон

Хабарнома

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал имрӯз (чаҳоршанбе, 12 июли 2023) қатъномаеро алайҳи иҳонат ба Қуръон, ки ба дунболи ҳатки ҳурмат дар Суэд (Шветсия) ба ҷараён афтода буд, тасвиб кард.

Ба гузориши Reuters, ин қатънома, ки аз сӯйи Покистон ба намояндагӣ аз 57 кишвари узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC) ироа шуд, аз дабири кулли ҳуқуқи башари Созмони Милал мехоҳад, то гузорише алайҳи нафратпарокании динӣ мунташир кунад ва ҳамчунин аз давлатҳо мехоҳад, то қавонини худро бознигарӣ карда ва шикофҳоеро, ки мумкин аст монеъ аз пешгирӣ ва таъқиб ва ҳамчунин тарвиҷи нафратпарокании динӣ шаванд, бартараф кунанд.

Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ба шиддат бо он мухолифат карда ва мегӯянд, ки ин бо дидгоҳи онҳо дар мавриди “ҳуқуқи башар ва озодии баён”-и мадди назарашон дар тазодд аст. Онҳо зимни маҳкум кардани ҳатки ҳурмати Қуръони Карим, иддао карданд, ки ибтикори Созмони Ҳамкории Исломӣ “ба ҷойи ҳифзи ҳуқуқи башар, барои ҳифзи намодҳои динӣ тарроҳӣ шудааст”.

Моҳи гузашта як муҳоҷир ироқӣ ба Суэд, муқобили масҷиде дар Истокҳолм ба Қуръон иҳонат кард ва хашми ҷаҳони исломро барангехт ва дархостҳое аз сӯйи кишварҳои мусалмон барои муқобила бо он матраҳ шуд.

Дар ҷаласаи имрӯзи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, 28 кишвар раъйи мувофиқ, 12 кишвар раъйи мухолиф ва 7 кишвар раъйи мумтанеъ доданд. Пас аз тасвиби ин қатънома, намояндагони бархе кишварҳо шодии худро бо даст задан нишон доданд.

Пас аз раъйгирӣ, намояндаи доими Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женев, гуфт, ки ғарб дар робита бо тааҳҳуди худаш барои ҷилавгирӣ аз нафратпарокании динӣ, дар ҳадди ҳарф аст. Ӯ гуфт: “Мухолифати теъдоде аз афроди ҳозир дар ин утоқ, ба далели адами тамоюли онҳо ба маҳкум кардани ҳатки ҳурмати Қуръони Карим ё ҳар китоби динии дигар аст. Онҳо фоқиди шуҷоати сиёсӣ, қонунӣ ва ахлоқӣ барои маҳкум кардани ин иқдом ҳастанд ва ин ҳадди ақалли чизе буд, ки Шӯро метавонист аз онҳо интизор дошта бошад”.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фрэнсис Фукуёмо: “Ҷумҳурихоҳони Амрико Путинро дӯсти худ медонанд”
Замони бисёр сахт барои мӯъминон

Матолиби пурбоздид