Эҳтироми Бобоҷон Ғафуров, расми ягона ва пешгӯиҳои Зуфархон Ҷавҳарӣ
Машоҳири Миҳан
Пеш аз он ки, дар ин бора сухан кунем як ба гуфтаҳои академики шодравон Аҳрор Мухторов назар меандозем. Дар китоби Зуфархон Ҷавҳарӣ “Андешаҳои муаррих” навиштаанд «… солҳои 30-юми аввали асри ХХ мисли даҳҳо олиму шоирон Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳамчун «унсури хавфнок» ё худбегона таъқиб карда мешаванд.
Шоирро ҳабс мекунанд ва баъди аз ҳабс баромадан он шахс маҷбур мешаванд, ки дар деҳаҳои дурдаст бо аҳли оилаашон пинҳон шаванд. Аниқтараш дар деҳаи Метки имрӯзаи ноҳияи Деваштич байни кӯҳҳо ҳамчун шахси гуреза ҳаёт ба сар баранд. Яке аз охирин бедилшиносон шоири забардаст Зуфархон Ҷавҳарӣ дар деҳаи дурдаст, ки он солҳо ҳатто роҳи мошингард надошту танҳо бо хару аспу ароба рафтуомад доштанд, пинҳон шуда буданд. Ҳатто дар зимистон аз сабаби боридани барфи зиёд роҳҳо якчанд муддат баста мешуданд. Сабаби ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистон рафтани Зуфархон Ҷавҳарӣ каме бошад ҳам аз таъқиби беасоси шахсони алоҳида дуртар зиндагӣ кардан буд. Ҳамон солҳо саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба назар мерасид. Дар Қатори дигарон ба писари дуюми Зуфархон Ҷавҳарӣ, – Ҳусейнхон даъватнома барои дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардан омада буд. Писари калонии Зуфархон Суҳайлӣ Ҷавҳаризода барои хабаргирӣ аз Душанбе омада буданд. Хешу таборон ҷамъ шуда бо овози паст маслиҳат мекунанд. Ба назди роҳбарони шаҳр рафта илтимос кунем, то Ҳусейнхонро аз хизмат боздорем то ба падар нигоҳубин кунад.
Устод Зуфархон Ҷавҳарӣ ба фарзанди калонӣ ва хешу таборон, ки ҳамон шаб ба хонаи Зуфархон ҷамъ омада буданд, рӯй оварда мегӯянд. Чӣ ин қадар пичир-пичир гап зада истодаед. Писарон бояд ба ҳимояи Ватан раванд. Дар қатори дигарон Ватанро ҳимоя кунанд. Аз ин суханон ҳама дар ҳайрат мешаванд ва чӣ гуфтанашонро намедонанд. Сухани устодро гардонидан мумкин набуд. Рӯзи ба фронт рафтан ҳам фаро мерасад. Ҳангоми гусел Зуфархон Ҷавҳарӣ ба писарашон мегӯянд: Ҳусейнхон парво накунед, лекин бепарво ҳам набошед. «Чӣ ҷойи бадӣ дорад, ки кас ба ҷанг равад, каме ҷароҳат бардораду сиҳат саломат боз ба назди падару модар ва ёру дӯстонаш гашта ояд».
Ҳамон лаҳза ба ин гуфтаҳои падар эътибор надода будам, баъдтар ба хотир оварданд, Ҳусейнхон ҳангоми сӯҳбат бо пайвандон. Ба фронт рафтам. Маро барои саводнокӣ ва забондониам ҷонишини сардори қатора таъин карданд. Қаторае, ки аз Қазоқистон ба фронт маводи хӯрока ва ба ҷанговарон сару либос мекашонидем. Ин рафту омади қатора моҳе чанд маротиба амалӣ мегашт. Боре дар истгоҳи яке аз ин қатораҳо одамони бисёри ба фронт раванда, ҷамъ шуда буданд. Ногоҳ ба гӯшам овозе расид, ки номи маро гирифта фарёд мезад. Аввал эътибор надодам, овоз боз баландтар ва наздиктар мешуд. Ба қафо нигоҳ кунам, ҷанговаре сӯям фарёдкунон давида ба ман наздик мешуд, -гуфтанд Ҳусейнхон-ин аскари қатори аз ҳаммаҳалагонам будааст. Ба оғӯш гирифтам, ҳолу аҳвол пурсидем ва аввал аз падараш пурсон шудам. “Баъди шуморо ба фронт гусел кардан, гуфт ҷанговар, маро низ ба хизмат даъват карданд. Назди тӯраам даромада, дуо гирифтан хостам. Тӯраам гуфтанд 3 кг мавизи чиллагиро баста мондам, ба Ҳусейнхон баред. Аввал дар тааҷуб шудам ва гуфтам, Тӯрамулло ман Ҳусейнхонро дар майдони ҷанг аз куҷо меёбам. Ин ногуфтанӣ. Тӯрамулло як табассум карданду мавизро ба оқибашон гузошта ба ман фотиҳаи нек доданд. Ин тасодуфро бинед, ки гуфти Тӯрамулло амалӣ гашт. Шуморо дидам сиҳат саломат ва аз мавизи нагирифтаам хеле пушаймон шудам. Тӯрамулло вохӯрии ману шуморо пешгӯӣ карда будаанд. Ба Тӯрамулло вохӯрданамон аён шуда будааст, ки ман надониста мондам.
Устод Зуфархон Ҷавҳарӣ пеш аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Метк ба Ӯротеппа баргашта буданд. Академик Аҳрор Мухторов дар китоби худ «Зуфархон Ҷавҳарӣ» (нашр Деваштич с 2004), ки аз 5 боб иборат аст, дар боби аввал «Бобоҷон Ғафуров ва Зуфархон Ҷавҳарӣ» оиди муносибати алломаи Машриқзамин Бобоҷон Ғафуров ва Бедилшиноси номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ» ақидаҳои дӯстонаи онҳоро баён кардаанд.
Баъди Ҷавҳарӣ ҳабс шудан ва муддате аз таъқиби кормандони масъули орган ба кори эҷодиашон зарбаи сахт расонида буд. Ин ҳолатро сарварони онвақтаи ҳукумат ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хуб медонистанд. Ба хотири аз ин ҳолат баровардани устод Котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, алломаи Машриқзамин Бобоҷон Ғафуров ба Иттифоқи нависандагон месупоранд, ки устодро ба Душанбе даъват кунанд.
Иттифоқи нависандагон аз ҳукуматдорони онвақтаи Ӯротеппа хоҳиш мекунанд, ки Ҷавҳариро ба воситаи қатора ба Душанбе гусел кунанд. Ҳукуматдорони онвақтаи шаҳри Ӯротеппа устодро ба воситаи ноҳияи Ховоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки истгоҳи роҳи оҳани Осиёи Миёна дар он ҷо буд, ба Душанбе гусел мекунанд.
Баъди дуним шабонарӯз ба истгоҳи қатораҳои шаҳри Душанбе мерасанд. Дар Душанбе ин шахсро шоир, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва писарашон Суҳайли Ҷавҳаризода истиқбол мегиранду бо автомашинаи ягонаи сабукрав, ки аз КМ ПК Тоҷикистон ҷудо карда буданд, устодро савор карда ба Иттифоқи нависандагон меоранд.
Академик Аҳрор Мухторов дар хотираҳои худ, дар китоби «Зуфархон Ҷавҳарӣ» (андешаҳои муаллиф) навиштаанд: «… Суҳбати мо мавзӯи дигар гирифт, навиштаанд академик. Он кас (Б. Ғафуров С.М.) дар Ӯротеппа аз будани музей (осорхона) дар ин шаҳр ё набудани он пурсон шуданд, аз Ҷавҳарӣ саволу ҷавобҳо карданд.
Нисбати он ки шоир аз таъқиби шахсони мансабдорони он замон солҳои дароз хомӯш мемонанд».
Б.Ғафуров гуфтанд, ки ман З.Ҷавҳариро ба ҳузур пазируфтам. Дар Душанбе аллакай бо ҳам сӯҳбати тӯлонӣ кардаанд.
Баъди суҳбати тӯлонӣ бо арбоби давлатӣ ба устод хабар медиҳанд, ки утоқи корӣ ва истироҳатӣ ҷудо карда шудааст. Шоир Муҳамадҷон Раҳимӣ доимо бо шумо мешаванд ва хизмати шуморо ба ҷо меоранд. Меҳмонро ба он хона мебаранд. Зуфархон Ҷавҳарӣ хонаро аз назар мегузаронанд ва мегӯянд ба ман хонае даркор, ки ҳоҷатхонааш дар берун бошад. Муҳаммадҷон Раҳимӣ мегӯянд, ки ин хел бошад, Шумо дар ҳавлии ман зиндагӣ кунед, ман дар манзили ба Шумо ҷудокардашуда муваққатан зиндагӣ мекунам. Саҳари ман меоям ва ҳарду якҷоя ноништо мекунем”, – гуфта Раҳимӣ ба хонаи худ мераванд. Шумо баҳазур дам гиред барои навиштани достон шаш моҳ мӯҳлат дода шудааст. Ана дар онҷо қаламу қоғаз бемалол гирифта истифода баред.
Ба гуфти олими фолклоршинос, шодравон Сангинмурод Норматов пагоҳӣ Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба ҳавлии муваққатии устод омада салому алейк мекунанд ва дар рӯи миз коғазҳои зиёди навиштаро дида мепурсанд: “Устод навиштаҳоятонро як бинам, марҳамат, ин ҳамон достоне, ки дар Иттифоқи нависандагон навиштани онро аз ман хоҳиш карда буданд”.
М. Раҳимӣ достони «Зафар», ки устод дар як шаб ба поён расониданд ва зиёда аз 100 саҳифаро ташкил медиҳад, дида дар тааҷҷуб мешаванд. Ягон калима ва ё ягон ҷумла хат зада нашудааст. М. Раҳимӣ дар ҳайрат мешаванд ва тозон ба Иттифоқи нависандагон рафта аз дар даромадан замон бо овози баланд “устод Ҷавҳарӣ достонро дар як шаб навиштанд, ки аз сад саҳифа зиёд мебошад, дар як шаб як достон ана ин касро аллома гӯем ҳам хато нахоҳем кард” бо хурсандӣ мегӯяд М. Раҳимӣ.
Аз Зуфархон Ҷавҳарӣ хоҳиш мекунанд, ки якто расм гирем барои китоб. Устод рад мекунанд. М. Раҳимӣ бо фарзандашон маслиҳат карда мегӯянд: “Ба сартарошхона мебарем ва ҳангоми дар онҷо нишастан аз берун сурат мегирем”, – ҳамин, тавр ҳам мекунанд ва ҳоло он ягона акси устод, ки аз биқин (як паҳлӯ) гирифта шудааст.
Устод аз худ достонҳои «Офтобхон», «Зафар», «Муҳаммадҷон» ва ғайраҳоро боқӣ гузоштаанд.
Сад афсӯс, ки то ҳол барои ин бузургвор бинои махсуси «Осорхонаи Ҷавҳарӣ» сохта нашудааст. Ба ном музей ҳаст, аммо ба ягон талаботи осорхонагӣ ҷавобгӯй нест. Онро дар ҳавлии худи устод пайвандон тартиб додаанд.
Дар музейи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан гӯшае ба устод тартиб дода шудаасту халос, ҳоло он ки мебоист то ин вақт як осорхонаи махсус аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин шахси бузург ташкил ва тартиб дода мешуд.
Инчунин асарҳояшон ба ғайр аз «Мунтахаботи осор» (мураттиб нависанда Баҳодур Файзулло, бо пешгуфтори академик Хуршеда Отахонова ва доктори илми фалсафа, ҳоло академик Кароматулло Олимов, ки соли 2002 дар нашриёти «Сурушон» чоп шудааст, дигар мунтахаби ашъор дида намешавад. Китобҳои тадқиқотии Академик Аҳрор Мухторов «Зуфархон Ҷавҳарӣ» (Андешаҳои муаррих, китоби мунаққид, доктори илми филологӣ Атохон Сайфуллоев «Зуфархон Ҷавҳарӣ» мебошанд. Монографияи дотсент Набиҷон Сатторӣ «Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ» аввали солҳои ҳафтодум барои ҳимояи номзадӣ пешниҳод мекунанд, аммо шахсони манфур З.Ҷавҳарӣ “одами диндор буданд” гуфта, барои гирифтани номзади илмӣ иҷозат намедиҳанд, (Душанбе-1989) ва китоби ҷустуҷӯии олими шодравон Сангинмурод Норматов «Анвори ситораи Суҳайлӣ» (Нашрифи «Ирфон» с 2010). Бояд қайд кард, ки дигар асарҳои Ҷолиби диққати Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳанӯз татқиқ нашудаанд. Ҳоло он ки Устод Садриддин Айнӣ дар бораи Зуфархон Ҷавҳарӣ навиштаанд.
«Зотан Зуфархон Ҷавҳарӣ аз устодони адабӣ ин давр аст».
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигор, Аълочии матбуот ва маорифи Ҷумҳурӣ, аълочии бойгонии СССР, барандаи Ҷоизаи Ҷумҳуриявии журналистон ба номи А. Лоҳутӣ
Қаламонлайн