Мерасад рӯзе…

Муҳоҷират

Мерасад рӯзе…

Муҳоҷират

Дар ғарибӣ навҷавонӣ рафту умрам пир шуд,
Зиндагиям бенишоту бо алам даргир шуд.
Бо хаёли дидани зебоиҳои шаҳри дур
Омадам, поям миёни ҷангале занҷир шуд
Гарчӣ қасру кох дар атрофи мо бисёр буд
Саҳми мо дар гӯшаи вайронаи дилгир шуд
Сӯбҳ то шаб сахтиҳоро карда тоқат, эй дареғ
Ҳеҷ кас аз мо напурсид, к-ӯ чӣ гуна сер шуд
Гӯиё дар лаззати дунё фурӯ рафтем мо
Занг омад, пул наёмад дар ҳисобам, дер шуд
Ёдам омад пандҳои ҷонгудози модарам
Баҳри анҷомаш паридам, лек бе таъбир шуд
Рӯзи золим сахт бошад гуфтаи Парвардигор
Гарчӣ рӯзе чанд мегӯӣ: Чаро таъхир шуд?
Зиндагӣ бебандагӣ шармандагӣ бошад, бидон
Бе талошу бе таваккул кай тавон таъмир шуд?
Сахтӣ гар сомон наёбад хусравӣ поён шавад
Гурбаи мискин ба сахтӣ ҳайбаташ чун шер шуд
Гуфтаанд: Дар ноумедӣ бас умед аст, эй азиз
Мерасад рӯзе, ки мебинӣ замон тадбир шуд
С. Маъниддин
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одатҳо
Нӯҳ нуктаи ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид