Алҷазира: Исроил дар остонаи ҷанги дохилӣ қарор дорад
Гузорише таҳлилӣ дар шабакаи Алҷазира
Билохира ҷин аз дохили шиша хориҷ шуда ва Исроил дар остонаи як ҷанги дохилӣ қарор гирифтааст. Мутаассибони динӣ дар Исроил то замоне, ки ба ҳадафашон нарасанд, зоҳиран дар миёни масир мутаваққиф нахоҳанд шуд.
Ба назар мерасад, ҷанги истеъморӣ ва динии чанд даҳсолаи Исроил алайҳи фаластиниён, ба даргирии дохилӣ дар миёни яҳудиён мунтаҳӣ шудааст – ки гом ба гом авҷ гирифта ва акнун дар марзи табдил ба ҷанги дохилӣ қарор дорад.
Дар шароите, ки ҳанӯз ва ҳамчунон роҳпаймоии хиёбонии садҳо ҳазорнафарии мухолифон ва мунтақидони давлат идома дорад, раисиҷумҳури Исроил ин эътирозотро ба истодан дар лабаи партгоҳ шабеҳ дониста ва таҳлилгарони барҷастаи сиёсӣ низ ҳушдор медиҳанд, ки бо мушоҳидаи авзоъи Исроил, метавон гуфт, ҷанги дохилӣ аз остона гузашта ва ҳатто чанд вақте аст, ки оғоз шудааст.
Ин даргирии фазоянда ва доғро умдатан метавон ҷанг байни ду навъ саҳюнизм номид: байни саҳюнизми либералтар ва секулортар бо саҳюнизми мутаассибтар ва фашиститар.
Дар шароите, ки дар панҷ даҳаи гузашта, анвоъи мухталифи саҳюнизм тавониста буд ихтилофоти худро фаромӯш карда ва ба навъе оштӣ даст ёбад, аммо дар солҳои ахир амиқ шудани ишғолгарӣ ва опортойд ва ҳаракати системи сиёсии Исроил дар масири тасбит ва афзоиши бартарии яҳудиён, фурсати беназир барои аносири ифротии ҷомеаи Исроил фароҳам карда ва онҳоро дар остонаи як ҳаракати азим қарор додааст.
Ин ҳаракати азимро эҷоди эътилофи ҳукуматии ҷадиди Исроил – муташаккил аз шаш ҳизб, ки панҷ ҳизб аз ин миён мазҳабӣ ё ба баёне дигар, ифротии ортодокс ва ифротии саҳюнистӣ ҳастанд – ба авҷ расондааст.
Давлати ҳоли ҳозири Исроил яке аз ифротитарин ва нажодпарасттарин аносири режими саҳюнистӣ аст, ки мехоҳад бо вогузории қувваи қазоия ба аксарияти парлумонии Исроил, системи ҳукуматиро тағйир дода ва демократияи яҳудиро ба як диктатураи мутаассиби мазҳабӣ табдил кунад.
Ривояти андаке аз таърих, метавонад ба равшан шудани мавзӯъ кӯмак кунад.
Раҳбарони Исроил аз соли 1948 ба ин сӯ, ба унвони як ҷомеаи истеъмории муҳоҷирнишин, роҳи дигар кишварҳои муҳоҷирнишин аз қабили Америка, Канада ва Австралияро дунбол карда ва саъй кардаанд, танишҳои эҷодшуда дар миёни ҷомеаҳои мухталифи муҳоҷирро аз тариқи фароянди қонунӣ ҳаллу фасл кунанд. Дар ҳақиқат танҳо аз ин тариқ мешуд ихтилофот байни ҷомеаҳои муҳоҷирини ироқӣ ва полшаӣ ё марокашӣ ва русиро ҳал кард. Лозим ба таъкид нест, ки ин амр шомили шаҳрвандони фаластинӣ намешавад – ки то соли 1966 таҳти контроли мустақими низомии Исроил буданд.
Дар тӯли он давра, нухбагони секулори ишканезӣ, ки рӯйи ҷунбиши коргарӣ тамаркуз карда буданд, аз имтиёзи худ нисбат ба муҳоҷирон ва гурӯҳҳои мазҳабии муҳофизакор истифода карда, соҳиб ва молики заминҳои бисёре шуданд.
Аммо ҷанги 1967 инро тағйир дод. Дар воқеъ ишғол ва искон дар Иерусалими шарқӣ ва бақияи сарзаминҳои ишғолӣ, ба тасаллути фазояндаи мазҳабиҳои мутаассиб шитоби бештаре бахшидааст.
Ҷунбиши онҳо, ки барои нахустин бор дар соли 1977 ба қудрат расид, аз он пас равияи як сарзамини бузургтар ё контроли комили тамоми сарзамини таърихии Фаластинро дар сар парварондааст.
Аз он замон ба баъд, Америка дар қолаби ҳимоятҳои иқтисодӣ ва низомӣ, ҷунбиши рос родиколи Исроилро қудрати бештаре бахшида ва сукути ахири аъроб низ дар қиболи мутаассибини Исроил, нажодпарастиро дар миёни саҳюнистҳо бештар кардааст. Дар ин миён, Ташкилоти худгардони Фаластин низ бо саркӯби мардуми худ ва муҳофизат аз опортойди решадори Исроил, саъй дорад бақои худро ба як зарурат барои Исроил табдил кунад.
Дар айни ҳол, тамоюли режимҳои мустабидди арабӣ барои канор гузоштани формулаи “сарзамин дар баробари сулҳ” ва имзои қарордоди оддисозӣ ва сулҳи бе қайду шарт бо Исроили истеъморгар ҳам зимни таъмини машрӯъият барои Натанёҳу ва муттаҳидони мутаассибаш боис шуда давлати Исроил сиёсатҳои тавсиаталабонаи мутаассибонаи худро афзоиш диҳад ва на танҳо фаластиниҳо, балки исроилиҳои секулортар ва либералтарро низ мавриди озор ва саркӯб қарор диҳад.
Ин ҳамон чизе аст, ки профессор Йешайаҳу Лейбовитс дар охирҳои даҳаи шаст пешбинӣ карда буд – ки чӣ гуна пас аз ҷанги 1967 масоиле монанди ишғол ва шаҳраксозӣ боиси афзоиши нажодпарастӣ, хушунат ва нафрати ношӣ аз як ҷаҳонбинии мазҳабии охируззамонӣ – ва ба қавли ӯ, “зуҳури нозиҳои ҷадид” ва албатта ба қавли нависандае дигар, боиси зуҳури нозиҳои ибрӣ – хоҳад шуд.
Дар поён бояд гуфт, ки маълум нест ин даргириҳои секулор-мазҳабӣ, ки шӯълавар шуда, Исроилро дар ниҳоят ба куҷо хоҳад кашонд. Аммо онҳое, ки дар ғарб ҳамму ғамми худро гузоштаанд ба ҷилавгирӣ аз ҳастаӣ шудани Ҷумҳурии Исломии Эрон, бад нест каме бештар биандешанд ва ҳимояти худро аз як гурӯҳи мутаассиби ҳастаии дигар ба номи Исроил мутаваққиф кунанд.
Aljazeera
Қаламонлайн