Душанбе: Мавзеи мо нисбат ба толибон тағйирнопазир аст!
Ахбори минтақа
Хайриддин Усмонзода – раиси Маркази таҳқиқотт роҳбурдии раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошт: Мавзеи кишвар дар мавзӯи ба расмият шинохтани давлати толибон тағйирнопазир аст.
Усмонзода дар як нишасти хабарӣ, дар Душанбе изҳордошт: Пас аз ба қудратрасидани толибон дар Афғонистон, афзоиши таҳдидҳо аз тарафи ин кишвар, Тоҷикистон марзҳои худро тақвият карда ва теъдоди посгоҳҳои марзиро беш аз 100 посгоҳ афзоиш додааст.
Вай бо ибрози нигаронӣ аз таҳдидоти амниятӣ аз тарафи Афғонистон, таъкид кард, мавзеи Тоҷикистон дар қиболи ба расмият шинохтани толибон ба унвони як давлат, тағйирнопазир аст.
Усмонзода таъкид кард, ки мавзеи ин кишвар дар баробари толибон тағйире накардааст ва равобити ин кишвар бо Афғонистон, танҳо дар сатҳи иқтисодӣ побарҷо хоҳад буд, чун аз диди ӯ равобити иқтисодӣ бештар ба мардуми Афғонистон рабт дорад то ҳайати ҳокимаи он кишвар.
Қаламонлайн