Ҳасрат

Адаб

Ҳасрат

Гурӯҳе дар ҳоли гузаштан аз ғори торике буданд, ки сангрезаҳоеро зери пояшон эҳсос карданд.

Бузургашон гуфт:

Инҳо сангрезаҳои ҳасратанд…

Ҳар кас бардорад, ҳасрат мехӯрад, ҳар кас ҳам набардорад, ҳасрат мехӯрад.

Бархе гуфтанд: Агар сангрезаҳои ҳасрат аст, пас чаро борамонро вазнин кунем?

Бархе ҳам гуфтанд: Зарар надорад, миқдореро барои савғотӣ мебардорем.

Вақте аз ғор берун омаданд, фаҳмиданд, ки ғор пур буда аз сангҳои гаронбаҳо ва алмос.

Онҳое, ки набардошта буданд, ҳасрат хӯрданд ва онҳое, ки миқдоре бардошта буданд, низ ҳасрат хӯрданд, ки чаро кам бардоштем.

***

Зиндагӣ ҳам ба ин шакл аст, агар аз лаҳзаҳо истифода накунем, ҳасрат мехӯрем, ки чаро истифода накардем ва агар истифода кунем, боз ҳам ҳасрат мехӯрем, ки чаро кам истифода кардем…

Пас талошамонро бикунем, ки ҳар чӣ бештар аз ин лаҳзаҳо истифода кунем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Орифона
Сарзамини Турон

Матолиби пурбоздид