Дардест дар ин дил…
Мавлоно
Дардест дар ин дил, ки ҳувайдо натавон кард,
Сиррест дар ин сина, ки пайдо натавон кард.
То дидаи моро надиҳад ҳусни ту нуре,
Дар боғи ҷамоли ту тамошо натавон кард.
То дида напӯшем зи рӯйи ҳама ағёр,
Андешаи он чеҳраи зебо натавон кард.
Аз меҳри ту як зарра чу холӣ натавон ёфт,
Қатъи назар аз дайри Масеҳо натавон кард.
Олам чу ҳама майкадаи бодаи ишқ аст,
Мастии маю ишқ ба як ҷо натавон кард.
Чун аз дили ошиқ хабаре нест касеро,
Инкори дили ошиқи шайдо натавон кард.
То Исии ҷон по наниҳад бар сари олам,
Як сайр бар ин торами мино натавон кард.
З-он бода, ки дар кому дили Шамс лабаш рехт,
Як қатра дар ин давр ҳувайдо натавон кард.
(Мавлоно)
Қаламонлайн