Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Шерози Эрон
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, бар асари ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғи Шероз, ду тан аз ходимони ҳарам кушта шудаанд.
Гуруҳи террористии ДОИШ масъулияти ҳамларо бар душ гирифтааст.
Дар обони 1401 (9 моҳ пештар) ҳамла ба ин ҳарам, 13 кушта ва 20 захмӣ баҷо гузошта буд.
Аммо мутаассифона дар ҳарду маврид, ҳувияти террорист, мушаххас шуда ва аз аҳли Тоҷикистон будааст.
Қаламонлайн