Бойден бо сарони Осиёи Миёна мулоқот мекунад
Ахбори минтақа
Моҳи сентябр, дар ҳошияи Маҷмаи умумии СММ, Бойден бо руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна мулоқот хоҳад кард.
Дар ин робита Ҷу Бойден, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбекистонро ба ин нишаст даъват намудааст. Қарор аст ин нишаст таҳти унвони “Осиёи Миёна – ИМА” баргузор гардад.
Бойден ба Мирзиёев номае навишта ӯро расман ба ин нишаст даъват намудааст.
Маҷмаи умумии Созмони Милал дар охири моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.
Албатта ҳануз маълум нест, ки номаи расмии Бойден ба дигар раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна ва низ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ирсол шудааст, ё на.
Қаламонлайн