Субҳона бо субҳ
Адабиёт
Дирӯз ҳамин ки аз хона баромадам, бо Офтоб чашм ба чашм шудам. Субҳ ҳам ҳамроҳ шуд. Сетоӣ, мисли ҳамеша ба дидори рӯдхона рафтем. Рӯди роме, ки аз миёни шаҳр мегузарад. Насими мулоим саховатмандона атри баргҳои дарахтону алафҳои шабнамнишастаро дар ҳаво мунташир мекард. Ҷик-ҷики дилнишини парандаҳо ба гӯш мерасид. Ҳавопаймое осмонро тасхир мекард. Оромише дилпазир шаҳрро бағал карда буд. Вақте ману Субҳу Насим онҷо расидем, Офтоб алакай онҷо расида ва бараҳна дар оғӯши рӯдхона мерақсид.
Чанд нафар рӯи роҳрави борики лаби рӯдхона саргарми қадамзанию давидан буданд ва манзараи обтанӣ кардани Хуршедро медиданд. Рӯдхона ҳам ҳамроҳашон медавид.
Рӯи нимкати чӯбӣ, рӯ ба рӯи рӯдхона нишастам. Гӯшаи хилват. Дур аз ҳаёҳу. Дар сукуту оромиш ба об хира шудам. Ӯ хира ба ман.
Ором-ором даҳлезҳои шушҳоямро пур аз ҳавои тоза кардам. Дарунам салқин шуд. Рӯд, бидуни он ки пушти сарашро нигоҳ кунад, мерафту мерафт. Он қадр нишастам ки бӯи ширини рӯд рӯи тамоми либосҳоям, танам, вуҷудам нишаст. Сипас, баъд аз соате бо рӯдхона хайрухуш кардаму пеш аз он ки ба самти хона раҳсипор шавам, аз қаҳвахонаи сари кӯча як қаҳваи доғи ҳамешагиямро гирифтаму ба қадамзанӣ пардохтам. Ба пӯсти чанд дарахти пири сари роҳам даст кашидам. Бӯи зиндагӣ медоданд. Чашмам ба айвонаке дар табақаи чаҳоруми сохтмоне уфтод. Зани миёнсоле панҷараи кӯчаки обирангеро кушод, дасташро зери манаҳаш гузошт ва ба берун чашм дӯхт. Гӯӣ мунтазири омадани касест.
Рӯз хамёзакунон бедор мешуд.
Чи қадр шигифтангез аст тамошои растохези Офтоб. Чи қадр лаззатбахш аст ин ки рӯзатро на бо гӯшию сарак кашидан ба фазои маҷозӣ, балки бо дидори Хуршеду Рӯду Насиму Пиёдаравию Қаҳва оғоз кунӣ. Ва ман ин гуна китоби рӯзамро боз кардам.
Фирдавси Аъзам
Қаламонлайн